Пас аз ҳафт соли баста будан роҳи оҳани "Амузанг-Хатлон", ки ҷануби Тоҷикистонро бо Узбекистон мепайвандад, боз хоҳад шуд. Мақомот гуфтанд, нахустин қатор аз ин роҳ рӯзи 7-уми марти имсол мегузарад.
Дар ҳоли ҳозир омодагии намояндагони ҳукумати Хатлон ва идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон барои истиқболи ин қатор дар истгоҳи Хушодии ноҳияи Шаҳритус ҷараён дорад. Усмон Қаландарзода, муовини раиси Идораи роҳи оҳан, рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин қатор ҳайати "Узбекистон темур йулларӣ" низ хоҳад омад.
Аз ин пеш, рӯзи 1-уми март дар марзи Тоҷикистону Узбекистон 9 гузаргоҳ расман мавриди истифода қарор гирифт.
Истгоҳи Хушодӣ, яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани “Амузанг-Хатлон” аст, ки аз шоҳрагҳои транзитӣ барои ҷануби Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Соли 2011 ин шоҳрагро "буриданд" ва Хатлон аз роҳи арзон ва осони таъмини маводи ғизоӣ ва маҳсулот маҳрум шуд. Иқтисодаш садҳо миллион доллар зарар дид ва пайванди хешутабории сокинони узбектабори Хатлон ҳам тақрибан канд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, боз шудани роҳи оҳан ба рушди иқтисоди вилояти Хатлон ва манотиқи ҳаммарзи Узбекистон мусоидат хоҳад кард.