Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.
Тошиев ин ҳарфро рӯзи 4-уми июн замони сафар ба Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Алай, наздик ба марзи Тоҷикистон, ба забон овард. Дар ин ҷо субҳи 4-уми июн марзбонони Тоҷикистон дидбонгоҳ дуруст карданд.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”,--гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро “муташанниҷ” унвон кард.
Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсӣ вагону контейнер гузоштаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.
Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ҷойгир кардани посгоҳи сарҳадӣ дар хатти мувофиқашудаи марз ҳаст.