Дар қисмати ғарбии Кобул, пойтахти Афғонистон ахиран дар паи ду таркиш дастикам 10 нафар кушта шуданд. Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари хуруҷи тадриҷии нирӯҳои эътилофӣ аз Афғонистон мизони хушунат дар саросари кишвар кам намешавад. Фирдавс Фаромарз, сухангӯи полиси Кобул рӯзи 1-уми июн гуфт, ки дар таркишҳои ҷудогонае, ки ду минибусеро ҳадаф қарор дод, 14 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Вале мусоҳибони ТВ “Тулӯъ нюс” гуфтаанд, ки дар асл шумори осебдидаҳо аз ин ҳам бештар будааст.
То ҳол ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст, вале дар Афғонистон асосан ду гурӯҳ – Толибон ва “Давлати исломӣ” бо ҳамлаву бомбгузорӣ машғул ҳастанд.
Президенти ИМА Ҷо Байден моҳи гузашта эълон кард, ки то моҳи сентябр то сеюним ҳазор нирӯҳову ҳазорҳо кормандони шартномавӣ аз Афғонистон берун оварда мешаванд. Қарор аст 7 ҳазор нирӯи НАТО ҳам ин кишварро тарк кунад.