Расонаҳои Бритониё гузориш доданд, ки Борис Ҷонсон, нахуствазири ин кишвар бо номзадаш Кэрри Саймондс дар як маросими пинҳонӣ издивоҷ кардааст.
Бино ба гузоришҳо, маросим пас аз нисфирӯзии 29-уми май дар Калисои Вестминстер ва ҳангоме баргузор шуд, ки ба боздидкунандаҳо гуфтаанд, калисоро тарк кунанд.
То ҳанӯз дафтари Борис Ҷонсон дар мавриди ин гузоришҳо ҷузъиёт надодаааст. Аммо рӯзномаҳои Mail ва Sun гузориш доданд, ки маросими издивоҷи нахуствазири Бритониё ва номзадаш бо ҳузури 30 меҳмон баргузор шуд.
Би-би-сӣ ҳам ба нақл аз чанд рӯзнома гузориши издивоҷи нахуствазири Бритониёро тасдиқ кард.
Борис Ҷонсони 56-сола ва Кэрри Саймондси 33-сола аз замони сарвазир шудани Ҷонсон дар соли 2019 дар Downing Street зиндагӣ мекунанд ва писари яксола доранд. Онҳо моҳи феврали соли 2020 ҳамроҳ будани худро эълон карданд.
Саймондс, таблиғгари муҳити зист, бори аввал ва Ҷонсон дафъаи севум издивоҷ мекунанд.