Роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, мониторинги онҳо тасдиқ кард, ки нархи билет ба Русия на зиёда аз 500 доллар аст. Мусофирон низ коҳиши нархи чиптаро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, пайдо кардани билет барои як моҳи оянда мушкил шудааст.
Нархи билет ба Русия дар як моҳи ахир миёни муштариён, ширкатҳои ҳавопаймоӣ баҳс эҷод карда буд.
Икром Субҳонзода, роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мониторинги онҳо тасдиқ кард, ки билетҳо ба Русия дар доираи нархи муқарраршуда фурӯхта мешаванд. Ба гуфтаи Субҳонзода, чунин мониторинги нархи билет аз сӯи ниҳодҳои қудратӣ ҳам гузаронда мешавад.
“Нархи билет чанд аст?”
Бар асоси эълони Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ, ширкатҳои “Уралские авиалини”, “Ямал”, “Сибир” ва «ЮтЭйр» нархи билет ба Русияро набояд аз 500 доллар зиёд фурӯшанд. Мушоҳидаи мо дар нуқтаҳои билетфурӯшии маркази Душанбе ва Фурудгоҳи Душанбе нишон дод, ки нархи чипта назар ба як ҳафта қабл арзон шудааст, вале пайдо кардани чипта мушкил аст.
Дар нуқтаҳои билетфурӯшии маркази Душанбе ва Фурудгоҳи Душанбе гуфтанд, нархи як билет ба Русия барои моҳи июл қариб 6 ҳазор сомонӣ аст. Нархи билет аз минтақаҳои Тоҷикистон ба Русия ҳам тақрибан ҳамин қадар аст. Аз ҷумла, нархи чипта аз Кӯлоб ба Қазон дар рӯзи 24-уми июн 5878 сомонӣ (519 доллар) аст.
Бархе сокинон дар суҳбат ба мо гуфтанд, ҳоло ҳам бархе нуқтаҳо арзиши билет то 9 ҳазор сомонӣ аст. Вале сокинон барои исботи гуфтаи худ далел аз ҷумла расид надоранд. Ахиран чанд сокини вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ навиштанд, арзиши билети ширкати “Сомонэйр” аз даҳ ҳазор сомонӣ боло аст.
Масъулини ширкатҳо ин чизро рад мекунанд. Масъулини дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр” гуфтанд, арзиши чиптаҳои онҳо барои парвозҳои мустақим 4050 сомонӣ аст ва билетҳо то охири июн фурӯхта шудаанд.
Ба ин монанд, дар нуқтаҳои билетфурӯшии ширкати “Уралские авилини” ҳам гуфтанд, то моҳи июл билетҳо фурӯхта шудаанд.
“Баъди 25-уми июл билет чӣ даркор?”
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, талаби мақомот нархи билетро коҳиш дод, вале пайдо кардани билет барои рӯзҳои наздик мушкил аст. Ин шабу рӯз дар назди нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе даҳҳо нафарро дидан мумкин аст, ки бо умеди гирифтани чиптаи арзон омадаанд.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Яке аз он Раҳмоналӣ Холиқов, сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, як ҳафта аст, ки бо умеди пайдо кардани билети арзон ба Душанбе меояд. "Мегӯянд, ки баъди 25-уми июл билет дорем. Мавсими кор то он вақт дар Русия тамом мешавад. Дигар билет чӣ даркор, ҳозир бояд равам",--гуфт Холиқов.
Қимати билету парвоз ба Русия дар ду моҳи ахир яке аз масъалаҳои доғ дар Тоҷикистон шудааст, чун баъди бардоштани маҳдудиятҳои пандемияи COVID-19 ва боз шудани роҳҳо, ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба самти Русия мешитобанд. Ҳоло мегӯянд, намедонистанд, ки боз шудани роҳҳо ингуна саргардониҳо низ дар пай доштааст.
"Дар ду моҳ иҷро кардани талаботи яксола имкон надорад"
Мақомот камбуди билет ба Русияро рад намекунанд ва мегӯянд, талош доранд парвозҳо ба ин кишвар зиёд карда шавад.
Икром Субҳонзода, роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талаботи ҳозира барои парвоз ба Русия, қабл аз пандемия дар як сол иҷро карда мешуд. Субҳонзода афзуд, давоми қариб ду моҳи барқарор шудани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия, имкон надорад, талаботи яксола базудӣ қонеъ карда шавад.
Ба гуфтаи роҳбари Оҷонсӣ, барои афзоиши парвозҳо омодаанд ва ба мақомоти Русия дар ин бора мактуб ҳам ирсол карданд.
“Роҳбарияти идораи “Росавиатсия” ва Вазорати нақлиёти Русия дар мактуби ҷавобии худ ба мо, дар бораи афзоиши парвозҳои мустақим розигии худро баён карданд. Онҳо дар мактубашон қайд карданд, ки барои афзоиш додани хатсайрҳо бо Тоҷикистон ба ситоди муқобила бо коронавируси он кишвар дархост ва розигии худро фиристодаанд,”--афзуд Икром Субҳонзода.
Роҳбари Оҷонсӣ афзуд, дар сурати иҷро кардани талаботи соҳавӣ, бахусус аз 500 доллар зиёд набудани нархи билет, омодаанд ба дигар ширкатҳо ҳам иҷозаи амалӣ кардани парвозҳои чартерӣ диҳанд.
Оҷонсӣ: Рӯзона то 3 ҳазор мусофир ба Русия мераванд
Парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯзи 1-уми апрел оғоз шуданд. Феълан ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “ЮтЭйр” ҳар ҳафта як парвозӣ анҷом медиҳанд. Бар иловаи ин, ширкатҳои “Уралские авиалини”, “Ямал” ва “Сибир” ҳам тариқи парвозҳои чартерӣ мусофиронро ба Русия мебаранд.
Масъулини Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ гуфтанд, феълан аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон шаҳрҳои Русия рӯзона аз 10 то 12 парвоз амалӣ мешавад. Тариқи ин парвозҳо наздики 3 ҳазор мусофир ба Русия мерафтаанд. Сарфи назар аз ин, теъдоди хоҳишмандон дар назди нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе ва минтақаҳо кам намешавад.
Пайдо накардани чипта ин шабу рӯз мушкили ягонаи мусофирон ба самти Русия нест. Бархе онҳо гуфтанд, бо арзиши 8 то 9 ҳазор сомонӣ билет харидаанд, вале як ҳафта аст, ки наметавонанд ба Русия парвоз кунанд. Даҳҳо нафар аз чунин мусофирони дармонда, рӯзи 26-уми май, дар назди Фурудгоҳи Душанбе таҷаммуъ карданд ва мақомот маҷбур шуданд, ки барои парвози онҳо иҷозат диҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Таҷаммӯи мусофирони норозӣ дар Фурудгоҳи Душанбе. Мақомот чӣ гуфтанд? ВИДЕО, АКСШикояти муштариҳо аз боло будани нархи билетҳои "Сомон-Эйр"Се ширкат мувофиқат карданд, ки билети парвоз ба Русияро аз 500 доллар боло намефурӯшандБа ширкати “Сибир” дар Тоҷикистон дубора иҷозаи парвоз додандЛавров гуфт, ҷонибдори парвозҳои бештар ба Тоҷикистон аст. ВИДЕО