Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Диловар Гулов (Диловар Шерализода), писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистонро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо нашри хабари дар кофтуков қарор доштани Диловар Гулови 25-сола дар сомонааш навиштааст, ки ӯ дар “авбошии гуруҳӣ” гумонбар мешавад. Мақомот аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар пайдо кардани ӯ кумак кунанд.
Пештар Радиои Озодӣ бо такя ба ҳамсуҳбатонаш дар мақомот навишта буд, ки Алишер Гулов, як писари Гул Шералӣ бо иттиҳоми иштирок дар як муноқиша дастгир шудааст ва писари дигараш дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Дар ин муноқиша Фирдавс Муродов ва Амирхон Сангалиев (Шаҳбоз) маҷрӯҳ шудааст. Наздикони Диловар фирори ӯро рад карда буданд.
Меҳриниссо, модари Диловар ва Алишер дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, моҷаро баъд аз он шуруъ шудааст, ки шахсе бо номи Фирдавс Муродов ба пойи Шаҳбоз (Амирхон Сангалиев) хоҳарзодаи ӯ бо корд зарба задааст.
«Наворҳо ҳаст, ки аввал Фирдавс ҳамла кардааст. Ҷавони ҳамлагар Фирдавс Муродов, ки бо номи “Дед Мороз” дар маҳалаи мо шинохта мешавад, пештар барои иштирок дар ҳамла ба “Бобои Барфӣ” зиндонӣ шуда буд. Бачаҳои ман бо даъвати писари холаашон барои нишастан ба тарабхонаи «Сим-Сим» рафтаанд. Кор ин хел шудааст, ки Фирдавс аз ҳоҷатхона берун мешавад ва омада сари мизи писарони ман менишинад. Бо Шаҳбоз чӣ гапе мезанад, ки хеста, ҳамаашонро ҳақорат мекунад. Шоҳидон ҳастанд ва наворҳо ҳастанд, ки ӯ аз ҷояш хеста ба Шаҳбоз бо корд мезанад. Ба Шаҳбоз се корд задааст. Писарони ман аз мақомот тарсон шудаанд. Онҳо ҳеҷ вақт намехостанд, ки иштирок кунанд. Барои ҳамин гурехтанд. Лекин агар Алишер ӯро намезад, ӯ Диловарро бо корд мекушт.»,--гуфт ӯ.
Ин зан гуфт, ки писарони ӯ ҷанг накардаанд ва бо худ низ корд надоштаанд.
Назари пайвандони Фирдавс Муродов ба ҳодиса дастрас нест. Муродови 32-сола феълан дар шуъбаи осеби омехта ва ҷарроҳии фаврии бемористони "Қарияи Боло" бистарӣ буд. Ӯ соли 2011 бо иттиҳоми авбошӣ ва ширкат дар ҳамла ба Парвиз Давлатбеков, ки либоси Бобои Барфӣ дар тан дошт, боздошт шуда буд.
Ҳодиса баъд аз соати 18-и рӯзи 16-уми май рух додааст. Мақомот, шоҳидон ва ҳам оилаи Гуловҳо гуфтанд, ки муноқиша дар тарабхонаи “Сим-Сим” сар задааст ва дар берун аз он давом кардааст.
Дар гузашта низ исми писарони Гулов бо иттиҳоми занозанӣ расонаӣ шуда буд.
Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов) соли 2001 раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ таъин шуда, то соли 2006 дар ин вазифа кор кардааст. Аз соли 2006 то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд. Дар гузашта ба ҳайси раиси ноҳияи Данғара низ кор кардааст. Ҳоло нафқахӯр аст. Яке аз писаронаш домоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ ҳанӯз ҳам ӯро одами таъсиргузор дар кишвар медонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Вазири собиқ гуфт, писаронаш ҳеч ҷое нагурехтаанд. САДОЗанозанӣ дар тарабхонаи "Сим-Сим". Як писари Гул Шералиро дастгир кардаанд, дигаре кофтукоб мешавад