Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ дар тарабхонаи "Сим-Сим". Як писари Гул Шералиро дастгир кардаанд, дигаре кофтукоб мешавад


Манобеъ гуфтанд, ки Диловар Гулов таҳти ҷустуҷӯ аст
Манобеъ гуфтанд, ки Диловар Гулов таҳти ҷустуҷӯ аст

Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон як писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои президентро бо гумони ширкат дар як муноқиша дастгир карда, дигареро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Алишер Гулов ва Диловар Гулов, писарони Гул Шералӣ, ба он гумонбар мешаванд, ки шоми 16-уми май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и шаҳри Душанбе дар як занозанӣ ширкат доштаанд. Дар ин муноқиша ба як нафар бо корд ҳамла шуда, ӯ шадидан захмӣ аст.

Назари хонаводаи Гуловҳо ба ҳодиса маълум нест.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ бо тасдиқи хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз ин ҳодиса бародарон Гуловҳо аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Алишер Гулов субҳи 17-уми май дар вилояти Суғд боздошт шудааст, вале ҳанӯз аз Диловар Гулов хабаре нест.

Дақиқ нест, ки кадоме аз ин бародарон бо корд ҳамла кардаанд.

Алишер Гулови 24-сола чанд сол дар ВКД кор кардааст, вале баъдан ӯро аз ин ниҳод ронда будаанд. "Баъд аз муноқиша бо мақсади қасдан расондани зарар ба узвҳои ҳаётан муҳими шаҳрванд бо корд зарари вазнин расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар беморхонаи Қарияи Боло зери назорати табибон карор дошта, саломатиаш вазнин аст", -- гуфт як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ.

Дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ рух додани ҳодисаро тасдиқ карданд. Навбатдори шуъба гуфт, барои таҳқиқ ва боздошти гумонбарон як гуруҳ сафарбар шудааст.

Ҳодисаро додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳқиқ мекунад.

Номи писарони Гул Шералӣ, ки ҳоло бознишаста аст, борҳо бо чунин ҳодисаҳо дар расонаҳо пайдо шудааст.

Диловар Гулов моҳи октябри соли 2018 бо иттиҳоми латукӯби Дилшод Назруллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, боздошт ва ба як сол зиндон маҳкум шуда буд.

Гул Шералӣ он замон дар як суҳбати худ ба Радиои Озодӣ дар бораи писараш Диловар гуфта буд, ки "мумкин аст, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус умури дохилӣ, ягон "шикоре" аз пушти фарзандони мо аст."

Аз он пеш, моҳи октябри соли 2017, номи Диловар Гулов дар робита ба як занозанӣ дар ҳузури ситораҳои эстрада ва латукӯби овозхон Остони Азиз дар тарабхонаи "Сим-Сим" расонаӣ гардида буд. Моҳи марти соли 2017 ӯро бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва барои панҷ рӯз ҳабс карданд.

Гул Шералӣ
Гул Шералӣ
Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов) соли 2001 раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ таъин шуда, то соли 2006 дар ин вазифа кор кардааст. Аз соли 2006 то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд.
Дар гузашта ба ҳайси раиси ноҳияи Данғара низ кор кардааст. Ҳоло нафқахӯр аст. Яке аз писаронаш домоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ ҳанӯз ҳам ӯро одами таъсиргузор дар кишвар медонанд.

XS
SM
MD
LG