Ширкати "Microsoft" рӯзи 27-уми май гуфт, рахнагарони воқеъ дар Русия аз роҳи почтаи электронии USAID ба идораву муассисаҳои амрикоӣ ҳамлаи наве анҷом доданд. Том Бурт, муовини президенти ширкати "Microsoft" дар як блогаш навишт, ки мавҷи ҳамлаҳои рахнагарон тахминан 3000 почтаи электронии беш аз 150 созмони мухталифро ҳадаф қарор додааст. Ба навиштаи ӯ, дастикам чоряки ин созмонҳо дар бахши рушди байналмилалӣ, барномаҳои башарӣ ва ҳуқуқи башар кор мекунанд.
Ошкоршавии ҳамлаи нави ҳаккерӣ дар ҳолест, ки се ҳафта баъд дар Женева нахустин мулоқоти президентони ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин баргузор мешавад ва дар ин гуфтугӯҳо як қатор масоили мавриди ташвиш дар равобити дуҷониба, аз ҷумла ҳамлаи моҳи декабрии рахнагарон бо SolarWinds баррасӣ хоҳад шуд. Байден моҳи апрел Русияро таҳрим ва бархе дипломатҳои русро аз кишвар берун кард.
Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки гурӯҳе бо номи “Нобелиум”, воқеъ дар Русия масъули ҳамлаҳои ахир мебошад.