Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк” ва Тоҷиддин Пирзода, раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” аз мақомҳояшон барканор шуданд ва ба ҷойи онҳо мудирони махсус таъйин карда шуданд.
Қарор аст мудирони махсус то таъин шудани мудирони барҳамдиҳанда бонкро идора кунанд. Мудирони барҳамдиҳанда, ки дар ниҳоят аз сӯи додгоҳ таъин хоҳанд шуд, амвол ва дороиҳои ин ду бонкро ба фурӯш гузошта, амонатҳои мардум ва пули саҳомони бонкро бозгардонанд.
Ҳамакнун то қарори додгоҳ Даврон Тухтаров раванди барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва Ҷамшед Абдураҳимов раванди барҳамдиҳии "Тоҷиксодиротбонк"-ро раҳбарӣ хоҳанд кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам додМуҳлати барҳамдиҳии ин бонкҳо ду сол таъин шудааст, ҳарчанд додгоҳ метавонад, ин муҳлатро боз ҳам тамдид кунад. Аммо Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” ахиран дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷараёни барҳамдиҳии “Тоҷиксодиротбонк” набояд зиёд тӯл кашад ва амонатҳои мардум дар муддати аз 6 моҳ то як сол бозпас дода хоҳанд шуд.
Иҷозатномаи фаъолияти “Тоҷиксодиротбонку” “Агроинвестбонк”-ро Бонки миллӣ 21-уми май бозхонд кард. Дар изҳороти Бонки миллӣ дар ин бобат гуфта шуд, фаъолияти ин ду бонк новобаста ба ёриҳои ҳукумат мӯътадил нашуд.
Ин ду бонки як замон азим ва ба истилоҳ низомсоз соли 2015 дучори буҳрон гашта дар пардохти амонатҳои мардум оҷиз монданд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 барои наҷоти ин ду бонкҳои дучори мушкил беш аз се миллиард сомонӣ қарз дод, аммо мушкили ин бонкҳо ҳал нашуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷиддин Пирзода гуфт, амонати мардумро бармегардонанд, муштариён шубҳа доранд. ВИДЕО, САДО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк"-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд? ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам дод ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Гуфтанд, ки дигар занг назан, аз баҳри пул гузар". ВИДЕО