Энтони Блинкен ба Миср сафар кард

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 26-уми май дар идомаи сафараш ба Ховари Миёна вориди Миср шуд. Ҳадаф аз ин сафар замонати оташбас дар миёни Исроилу ҷангҷӯёни фаластинӣ баъди 11 рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии маргбор мебошад. Миср дар созиши оташбаси миёни ду ҷониб нақши миёнҷиро бозӣ кардааст. Созише, ки аз 21-уми май ба ҳукми иҷро даромад, ба як низои пуршиддате дар солҳои охир дар Навори Ғазза хотима гузошт.

Блинкен пеш аз ба Қоҳира расидан, дар Байтулмуқаддас ва шаҳри Рамаллоҳи Каронаи Ғарбӣ буд. Баъди Миср ӯ ба Урдун сафар мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо журналистон рӯзи 25-уми май гуфт, “Миср барои дастёбӣ ба созиши оташбас нақши калидӣ бозид ва Урдун ҳам давоми муддати дароз як садои сулҳу субот дар минтақа будааст”.

Дипломати баландпояи амрикоӣ дар Рамаллоҳ гуфт, ки Вашингтон миллионҳо доллар кӯмакҳои иловагиро ба фаластиниҳо ироа мекунад ва инчунин гуфт, ки консулгарии ИМА дар Байтулмуқаддас боз хоҳад шуд. Ин идора ба унвони як канали дипломатӣ бо фаластиниҳо хидмат мекунад.

Дар Ғазза 10-уми маи имсол моҷарои мусаллаҳонаи миёни Исроилу ҷангҷӯёни фаластинӣ шурӯъ шуд, ки 11 рӯз идома кард. Дар хушунатҳои Ғазза беш аз 250 нафар, аксар фаластиниҳо кушта шуданд ва дар паи ҳамлаҳои ҳавоӣ биноҳои зиёде дар Ғазза хароб ва ба хок яксон шуданд.