Даҳҳо муштарии "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" нигаронанд, ки тақдири пулҳои онҳо чӣ хоҳад шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми май иҷозатномаи фаъолияти ин ду бонки дар гузашта низомсозро бозхонд кард, аммо ҳанӯз роҳҳои бозпас додани амонати мардумро нагуфт. Нигаронии сокинон аз он аст, ки дар гузашта “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк” муфлис эълон шуданд ва бо гузашти чаҳор сол масъалаи баргардондани амонати муштариён ниҳоӣ нашудааст.
Аз модарам як хона ба мерос монда буд, онро фурӯхтему пулро дар бонк гузоштем. Ҳамааш барбод рафт.Валентина Гортсова
Шарҳи расмӣ
Рӯзи 24-уми май дар Бонки миллии Тоҷикистон касе ҳозир нашуд, ки дар бораи сабабҳои бастани “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” шарҳ диҳад. Дар сомонаи расмии Бонки миллӣ рӯзи 21-уми май сабаби чунин тасмимро ба “ғайри қобили пардохт гаштани бонкҳо” рабт доданд.
Дар изҳорот аз ҷумла навиштаанд: “Бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи молиявии бонкҳо беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани бонкҳо, мутаассифона, таъмин нагардид... Дар баробари ин, зиёдшавии арзу шикоятҳо ба коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ сабаб шуда истодааст.”
Ҳукумати Тоҷикистон дар охири соли 2016 ба ин бонкҳо зиёда аз 3 миллиард сомонӣ ёрии молиявӣ карда буд. Аммо ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки Бонки миллӣ моҳи сентябри 2020 дар посух ба тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул гуфта буд, то замоне "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" амонати мардумро напардозанд, дар мавриди барҳамдиҳии онҳо иқдом намекунанд.
Ҳоло маълум нест, ки амалкарди мақомот бар асоси маслиҳатҳои Сандуқи Байналмилалии Пул аст, ё сусту нотавон шудани бонкҳо.
“Ҳамааш барбод рафт”?
Сӯҳроб Шералиев, сокини шаҳри Бохтар, аз зумраи онҳоест, ки бо шунидани хабари барҳам додани "Агроинвестбонк" худро ба бинои марказии бонк дар Душанбе расондааст. Вай мегӯяд, дар замони фаъол будани бонк натавонистааст, 85 ҳазор сомониашро пурра бигирад ва ҳоло нигаронияш дучанд шудааст, ки сарнавишти баъди пулҳояш чӣ хоҳад шуд.
"Дар Русия будам ва ҳар моҳ 400-500 доллар пул мефиристодам, то модарам дар бонк бигузорад. Вақте хостам, хона бихарам, гуфтанд, ки пул нест. Як моҳ 500 сомонӣ доданд, моҳҳои дигар 300 сомонӣ медоданд", -- нақл кард ӯ рӯзи 24-уми май.
Сокини шаҳри Душанбе Валентина Гортсова мегӯяд, бо умеди гирифтани фоида даҳ ҳазор доллари худу наздиконашро ба "Тоҷиксодиротбонк" бовар карда буд, аммо натанҳо фоида, балки амонати гузоштаи худро гирифта натавонист. Дар бонк ба ӯ ва муштариёни дигар ваъда додаанд, ки дар тӯли як ҳафта чӣ гуна бозпас додани пулҳояшонро эълон мекунанд.
"Даҳ ҳазор доллар мерос аз модарам ҳаст, ки бояд миёни ману хоҳарам ва набераҳо тақсим карда шавад. Аз модарам дар шаҳри Гулистон хона ба мерос монда буд, онро фурӯхтему пулро дар бонк гузоштем. Ҳамааш барбод рафт", -- шиква кард Гортсова.
Наворро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таъини мудири вижа дар даҳ рӯзи оянда
Рӯзи 24-уми май дар "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" нахостанд, дар бораи бозхонд шудани иҷозатномаи фаъолияташон тафсилот диҳанд. Маълум нест, раҳбарияти бонкҳо бо хулосаи Бонки миллӣ розӣ ҳастанд ё не.
Як намояндаи Бонки миллӣ дар бинои "Агроинвестбонк" бе зикри ном гуфт, "барои нигоҳдории амволи ин бонк омадаем ва тақрибан то даҳ рӯзи дигар мудири махсус дар ҳарду бонк таъин карда мешавад". Мусоҳиби мо таъкид кард, ки пули муштариёнро медиҳанд, аммо нагуфт, ки кай ва чӣ гуна.
Қонунгузории Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ” пешбинӣ намудааст, ки дар сурати барҳам додани бонкҳо, аз ҳисоби фурӯши амволи онҳо, пули пуштариён баргардонида мешавад.
Масъулони "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" нагуфтанд, ки феълан дороиҳои ду бонк чӣ қадар аст.
Қарори дуруст ё нодуруст?
Баъзе аз коршиносон қарори барҳам додани ду бонки замоне низомсози Тоҷикистонро дуруст намеҳисобанд ва таъкид мекунанд, ки бояд давлат бо ҷалби сармоя аз хориҷи кишвар онҳоро наҷот медод.
Раҳбарони ин бонкҳо, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” чанд дафъа дар бораи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ аз Арабистони Саудиву Чин эълон карданд, вале зоҳиран тавофуқҳо ниҳоӣ нашуданд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт, барҳам додани "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" нобоварии мардумро ба низоми бонкии кишвар бештару мекунаду камтар не: "Беэътимодӣ ба бонкҳо на танҳо дар байни муштариён, балки дар байни сокинони дигар низ ба вуҷуд меояд. Аз ин ба баъд онҳо пулҳояшонро барои харидани манзилҳои холӣ харҷ мекунанд, аз он ки дар бонкҳо бигузоранд."
Дар чаҳор соли охир дар Тоҷикистон чаҳор бонкро муфлис эълон карданд. Соли 2017 “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк” аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуданд. Ба иттилои расмӣ, “Фононбонк” барҳам хӯрда, муштариёни “Тоҷпромбонк” ҳанӯз амонатҳои худро пурра нагирифтаанд.
Баъзе аз коршиносон мегӯянд, мушкили асосӣ ин аст, ки мақомот амволи бонкҳои муфлисшударо бо нархи гарон ба савдо мегузоранд ва ё бо ҳар баҳона кашолкорӣ мекунанд. Чунин иддаоро масъулони низоми бонкии кишвар рад намуда, мегӯянд, муштариён ё аз гирифтани амвол ба ҷойи пул худдорӣ мекунанд ва ё мехоҳанд, амволи бонкро нисбат ба нархи бозор хеле арзон бигиранд.
Буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон соли 2015 шуруъ шуд.