Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент: ташкилоти қарзӣ дар Тоҷикистон ду баробар кам шуд. ВИДЕО


Президенти Тоҷикистон аз Бонки миллӣ хост, ки низоми назорати бонкиро такмил намуда, дар амри эҷоди меъёрҳои “қобили қабул” дар фаъолияти ин сохторҳо тадбирҳо андешанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро рӯзи 10 май дар Душанбе дар мулоқот бо намояндагони бахшҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар изҳор кард. Вай гуфт, ки дар панҷ соли гузашта бо сабаби бӯҳрони молӣ дар Тоҷикистон шумори ташкилоти қарзӣ ду баробар коҳиш ёфта, аз 137 адад дар соли 2014 то 79 адад дар соли 2018 кам шудааст. Шумори ташкилоти хурди қарзӣ, ба гуфтаи президент, дар 7 соли гузашта аз 125 то 62 адад кам шуда ва иҷозатномаи фаъолияти онҳо аз ҷониби Бонки миллӣ бозхонд шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дастандаркорони ин соҳа аз вуҷуди "муносибатҳои ғайрирасмӣ" дар сиёсати бонкии Тоҷикистон интиқод мекунанд ва мегӯянд, то рафт шароити кор барои онҳо сахттар мешавад ва танҳо "ширкату сохторҳои худӣ" метавонанд бидуни мушкил фаъолиятҳои худро пеш баранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Президент дар бораи бонкҳо чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Бино бар хабарҳо солҳои охир чандин бонки хурди тиҷоратӣ аз варшикастагии худ хабар доданд ва соҳибмулкони бархе аз онҳо иваз шуд. Коршиносон мегӯянд, бархе аз чунин рӯйдодҳо ба "ғасби рейдерӣ" шабоҳат доранд. Раванди умумӣ ба самти таҷаммуи сармоя дар чанд бонки бузург ва асосӣ рақобатпазирии созмонҳои хурди молиявро ба маротиб коҳиш додааст.

Президент гуфт, ба хотири таъмини "рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба низоми бонкии кишвар ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис аз 80 то ба 50 миллион сомонӣ кам карда шуд".

Президенти Тоҷикистонг ҳамчунин гуфт, ки Бонки миллӣ бояд фаъолияти худро дар самти рушди низоми бонкӣ ва барқарор намудани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо тақвият бахшад. Ба гуфтаи ӯ, Бонки миллӣ бояд назорати бонкӣ, арзёбии дороиҳои бонкҳо ва мониторинги доимии вазъи бозори хизматрасониҳои бонкиро ба роҳ монад. Мулоқоти президент ва намояндагони сохторҳои молӣ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки давоми панҷ соли ахир дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодӣ соҳаи бонкдорӣ осеби ҷиддӣ дид. Бонкҳои замоне муваффақ ва фаъоли "Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” соли 2015 дар пайи коҳиши пули фиристодаи муҳоҷирон ва таъхири муштариён барои баргардондани қарз дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати мардум оҷиз монданд. Ҳукумат барои наҷоти онҳо беш аз 3 миллиард сомонӣ ихтисос дод, вале дар ин миён “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” муфлис шуданд. “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” чаҳор сол аст, талош доранд, ки аз вазъи буҳронӣ берун оянд.

Рӯзи 10 май президент на аз ду, балки аз чор бонк ба унвони “сохторҳои муфлисшуда” ёд кард ва ин ҳолатро мояи нигаронӣ номид.

Иқтисодшинос: Бюрократия ва коррупсия мушкилоти аслии бонкҳои Тоҷикистон аст

Ораш Хоҷамуродов, коршиноси масоили бонкӣ мегӯяд, бюрократия ва фасод - ду мушкили ҷиддии низоми бонкдории Тоҷикистон мебошад. Ин иқтисодшинос дар вокуниш ба суханронии президент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ғайр аз он ки низоми бонкдорӣ дар Тоҷикистон бюрократӣ шудааст, ҳоло ришва ҳам ин соҳаи муҳими кишварро то рафт хароб мекунад. Ба гуфтаи Хоҷамуродов бояд аудити бонкӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, бозбинии кадрҳо сурат гирад.

Ба бовари ин иқтисодшинос, "дар давоми солҳои истиқлолият, боварии сокинон ба бонкҳо се маротиба коҳиш ёфтааст. Барои ба даст овардани боварии мардум ба бонкҳо то панҷ сол сарф мешавад".

Ораш Хоҷамуродов низоми бонкиро бо организми инсон шабоҳат дод ва гуфт, ки "агар пул хун бошад, рагҳои хунгард - ҳамон бонкҳо ҳастанд. Мисли ин ки рагҳои хунгард, ҳамон ташкилотҳои қарзии хурд мебошанд, ки президент ҳам таъкид кард, кам шудааст, ин ба он маъност, ки рагҳои хунгарди инсон кам шудааст".

Ӯ гуфт, ришва ва таъини кадрҳои номуносиб ҳам метавонад дар низоми бонкдорӣ таъсири манфӣ расонад. "Барои мисол, вақте шумо мехоҳед тиҷорат кунед ё мағоза кушоед ва аз бонк қарз гиред. Баъзан барои ин ғайр аз фоизи бонк боз пешниҳоди ришва ҳам сурат мегирад. Шумо маҷбур мешавед, барои руйпуш кардани хароҷоти худ, моли мағозаро гарон фурушед ва таъсири манфии ин ба мардум мерасад”.

"Қарорҳо дар Тоҷикистон дузинаӣ - ҳукуматӣ ва оилавӣ қабул мешаванд​"

Як шореҳи масоили иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, мушкилоте, ки дар кишвар вуҷуд дорад, хусусияти доимӣ ё системавӣ касб кардааст. Ба гуфтаи таҳлилгар Нур Сафаров, ки дар поёни суханронии президенти Тоҷикистон бо Радиои Озодӣ изҳори назар кард, интиқоди зиёди созмонҳои молии байналмилалӣ дар ин заминаро мақомоти тоҷик гӯё нодида мегиранд. Аз назари ӯ, мушкилот на ҷузъӣ, балки куллӣ бояд арзёбӣ шаванд ва решаи масъала дар ин аст, ки “низоми муосири мудирият ҷавобгӯи замон нест”.

Нур Сафаров мегӯяд, бисёр қарорҳо ба таври якҷониба ва ё субъективӣ қабул мешаванд ва боиси эҷод шудани як низоми дузинаии қабули қарорҳо – зинаи ҳукуматӣ ва оилавӣ шудааст. Дар ҳоле, ки иқтисоди воқеии Тоҷикистон, ба андешаи ин таҳлилгар, бар асоси ду манбаъ – муҳоҷирати корӣ ва кӯмакҳои байналмилалии иқтисодӣ амал мекунад. Ба изофаи ин, ба гуфтаи Сафаров, вобастагии афзояндаи молиявӣ аз Чин ҳам вуҷуд дорад. Ин низоми иқтисодӣ, ба гуфтаи ӯ, сиёсати бозии байни манфиатҳои геополитикӣ ва кланҳои оилавӣ мебошад.

Мунаққидон мегӯянд, ки бисёр бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистонро хешовандон ва намояндагони кланҳои ҳоким, аз ҷумла наздикони худи президент ишғол кардаанд ва дар пешбурди тиҷорату кор аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.

"Қонун “Дар бораи фаъолияти нархгузорӣ” таҳия шавад"

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониаш дар назди бахши моливу бонкдорӣ зимни баррасии мавзӯи мушкилот дар соҳаи бонкдонӣ гуфт, ки санҷиши сохторҳои марбута мушкилоти ҷиддиро ошкор кардааст, ки яке аз онҳо – «бо усулҳои ғайриқонунӣ ва нодуруст баҳогузорӣ» шудани амволи ба гарав гузоштаи қарзгирандагон мебошад. Ӯ гуфт, ки номукаммалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи нархгузорӣ боиси эҷоди мушкил мешавад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи санҷиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муайян шудааст, ки кормандони Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли 2017 - 99 иншооту биноҳои бартарафшудаи шаҳри Душанберо ба маблағи 26,5 миллион сомонӣ барзиёд нархгузорӣ кардаанд. Ин вазъият, ба гуфтаи ӯ, зарурати таҳия ва қабули қонуни нав “Дар бораи фаъолияти нархгузорӣ”-ро ба миён меорад.

Интиқод аз коҳиши сармояҳои хориҷӣ

Ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 коҳиш ёфта, дар қиёс бо соли 2017 - 28 миллион доллар ё 7,8 фоиз камтар шудааст. Президент аз он изҳоир ташвиш кард, ки сармоягузорони хориҷӣ имконияти дастрас намудани маълумоти кофиро доир ба фазои сармоягузорӣ, имкониятҳо ва лоиҳаҳои афзалиятнок надоранд, сармоягузорони ватаниву хориҷӣ бо низоми бюрокративу серхарҷи гирифтани иҷозат ва иҷозатномаҳо, инчунин, санҷишҳои ғайринақшавию такрорӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар давоми даҳ соли гузашта ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 31 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки аз назари президент ҷавобгӯи талабот нест. Ӯ гуфт, ки бар асоси Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҷалби ҳамасолаи сармояи мустақими хориҷӣ бояд то 10 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад.

Ин мавзӯъ дар ҳоле мавриди интиқод аст, ки давоми чор соли ахир шикоят аз номусоид будани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз забони ширкатҳои хориҷӣ ва ҳам дипломатҳои аврупоиву рус садо додааст. Дар интиқоди онҳо аз ҳад баланд будани мизони андоз, санҷишҳои батакрор ва вуҷуди қоидаҳои нонавиштаи муомилаҳои тиҷоратӣ ҳамчун далели дилсардии сармоягузорон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гуфта шудааст.

Кормандони андоз бар асоси озмун ба кор қабул шаванд

Як бахши азими сӯҳбатҳои президент ба кори хадамоти андоз ва ҳам мушкилот дар ин соҳа ихтисос ёфт. Ӯ гуфт, ки дар паи тавсеа ёфтани сарчашмаҳои андози дохилӣ қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин гардидааст, аммо тайи солҳои охир иҷрои нақшаи воридоти андозҳо аз ҳисоби андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо) таъмин намешавад. Ба гуфтаи ӯ, аз ин ҳисоб ба буҷет 860 миллион сомонӣ ворид нагардида, қарз аз андоз 726 миллион сомониро ташкил додааст. Ӯ гуфт, мушкил дар “номукаммал будани низоми ояндабинӣ ва банақшагирӣ” мебошад. Президент инчунин тақозо кард, ки дар самти маърифати андозсупорӣ, такмили ихтисоси кормандони сохторҳои андоз ва аз тариқи озмун интихоб кардани кадрҳо зарур мебошад.

Ӯ инчунин ба ҳодисаҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз руҷӯъ кард ва гуфт, ки ба фоидаи буҷа аз ин ҳисоб 644 миллион сомонӣ қарзи андоз ворид шудааст. Вале афзоиши ин раванд, ба гуфтаи президент, дуруст нест ва бояд кор дар самти муосиргардонии системаи андозситонӣ ба роҳ монда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки шеваи кори масъулони мақомоти андоз гоҳо “хислати санҷиш ва ҳатто дахолатро” мемонад. Ба гуфтаи ӯ, санҷишҳои додситонии кулл нишон додааст, ки баъзе «санҷишгарон даромаду хароҷоти воқеӣ, ҳуҷҷатҳои ибтидоии андозсупорандагонро ба инобат нагирифта, маблағҳои бар илова ҳисобшавандаро зиёд нишон медиҳанд”. Ба гуфтаи ӯ, санҷишгарон аз роҳи “ба таври сунъӣ беҳтар нишон додани натиҷаҳои кор ва бо ҳар роҳу восита иҷро кардани нақша” пеш мераванд. Дар давоми даҳ соли ахир мақомоти прокуратура нисбат ба 300 нафар кормандони мақомоти андоз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG