Аз замони шурӯи пандемия ҳудуди 450 нафар бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Русия ихроҷ шуданд. Хабаргузории ТАСС аз қавли Вазорати корҳои дохилии Русия менависад, ин муҳоҷирон тавассути 6 парвози махсус ба ватанашон фиристода шуданд. Зикр гардидааст, дар ин давра 1 миллиону 600 ҳазор муҳоҷирони корӣ баъди ба анҷом расидани ҳуҷҷатҳои буду бошашон дар Русия монданд. Пас аз роҳандозии чораҳои иловагӣ тақрибан 400 ҳазор нафари онҳо ҳузури худро аллакай қонунӣ кардаанд. Тӯли як соли охир шаҳрвандони хориҷӣ бар асоси қарори президенти Русия Владимир Путин имкон доштанд ба таври имтиёзнок дар Русия кору зиндагӣ намоянд. Як моҳи пеш мақомоти рус эълон карданд, ки мӯҳлати қорори мазкур 15-уми июни имсол ба поён мерасад ва муҳоҷирон бояд то ин сана ҳузури худро қонунӣ кунанд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам хеле зиёданд.