Мақомот дар Итолиё гуфтанд, рӯзи 23-юми май дар натиҷаи ба замин афтодани мошине, ки аз роҳи танобӣ ҳаракат мекард, 14 нафар кушта шуданд ва як кӯдак дар ҳолати сангин ба беморхона интиқол дода шуд. Ҳодиса дар минтақаи кӯҳии Пйемонт, воқеъ дар шимоли Итолиё рух дод. Роҳи танобӣ осоишгоҳи Стресаро бо кӯҳи Маттароне мепайвандад. Кӯҳ 1500 метр баландӣ дошта аз роҳи танобӣ имкони тамошои маконҳои зебоманзару дарёҳои атрофи ин қисмати кӯҳҳои Алп вуҷуд дорад. Вазорати инфрасохторҳои Итолиё гуфт, ки зоҳиран сабаби фоҷеа канда шудани таноб будааст. Мошине, ки тавассути таноб ҳаракат мекард, бо 15 мусофираш аз баландии 100 метр ба замин афтод. Ба иттилои хадамоти наҷоти Алп дар Итолиё, ин роҳи танобӣ тоза баъди сабук шудани меъёрҳои пандемия боз шуд. 13 нафар дар ҷои ҳодиса ҷон доданд, ду кӯдаки маҷрӯҳро бо чархбол ба беморхонаи Турин интиқол доданд ва чанде баъд як нафари онҳо даргузашт. Кӯдаки 5-солае, ки ҳоло дар беморхона мемонад, бо ҷароҳатҳои сангини мисли осеби мағзи сар ва пойҳои шикаста зери назари табибон қарор дорад. Ҳукумати Итолиё як комиссиюнро барои таҳқиқи ин ҳодиса таъин кардааст.