Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки дар моҳҳои ахир шуморе аз ҷанҷӯёни хориҷӣ аз вилоятҳои Форёб ва Нангарҳор ба Бадахшон ворид шудаанд. Аз ин қабл мақомоти афғон аз ҳузури ҷанҷӯёни хориҷӣ дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон хабар дода буданд.
Муҳаммадзакариё Савдо, раиси вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷангҷӯён аз роҳҳои гуногун, аз ҷумла аз масир ва роҳҳои умумӣ, ба ин вилоят омадаанд ва дар ноҳияҳои Вардуҷ, Ҷурм ва Роғистон ҷобаҷо шудаанд. " Ҷангҷӯёни хориҷӣ аз ҳар роҳе, ки имкон дорад, худро ба марказҳои аслиашон монанди Вардуҷ, Ҷурм, Нусай ва Роғистон мерасонанд",-афзуд ӯ.
Раиси вилояти Бадахшон айни замон аз боздошти яке аз ҷангҷӯёни хориҷӣ ҳам хабар дод. "Ҳафтаи гузашта мо шоҳиди боздошти як тан аз ҳаросафканони гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-и Тоҷикистон будем. Ӯ аз вилояти Кундуз омада буд ва мехост, ки ба Роғистон биравад ва дар Яфтал дастгир шуд".
Муҳаммадзакариё Савдо мегӯяд, ҷангҷӯёни хориҷӣ, ки дар Бадахшон фаъолиятҳои ҳаросафканона доранд, ба "Ансоруллоҳ"-и Тоҷикистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва Иморати исломии Қафқоз тааллуқ доранд.
Бархе аз аъзои Шӯрои вилояти Бадахшон мегӯянд, ки бо афзоиши ҷангҷӯёни хориҷӣ сафи Толибон дар ин вилояти қавитар шудааст. Маҳбубуллоҳ Талъат, як узви Шӯрои вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи маълумоти онҳо, ахиран шуморе аз ҷанҷгӯёни хориҷӣ аз ноҳияҳои марказӣ ба ноҳияҳои марзии ин вилоят рафтаанд.
"Чанд рӯз қабл ҳам хабари хеле дақиқ расид, ки 9 то 11 тан аз террористони хориҷӣ аз вулусволиҳои (ноҳияҳо) Вардуҷ ба вулусволиҳои Шуҳадо, аз Шуҳадо ба Арғанхо, аз онҷо ба вулусволии Куҳистон ва ба Роғистон ва сипас ба вулусволии Дарвозҳо ва аз онҷо мехоҳанд, ки худро ба марзи кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бирасонанд".
Хабари ҳузури ҷанҷӯёни хориҷӣ дар Бадахшон бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро нигарон кардааст. Чанде қабл нерӯҳои Тоҷикистон ва Русия дар вилояти Хатлони ҳаммарз бо Бадахшону Тахори Афғонистон тамринҳои низомӣ баргузор карданд. Ин дар ҳоле аст, ки қарор аст то 11-уми сентябри соли ҷорӣ нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун шаванд.
Самеуллоҳ Сайҳун, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Бадахшони Афғонистон ба ин бовар аст, дар сурате, ки ҳама нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон берун шаванд, ин вилоят дар кутоҳмуддат ба лонаи аслии ҳаросафканони хориҷӣ табдил хоҳад шуд.
"Мутаассифона пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, вилояти Бадахшон ба паноҳгоҳи амни террористони хориҷӣ мубаддал шудааст ва марз доштани ин вилоят ба Чин, Покистон ва Чин сабаби дилгармии ин ҷангҷӯёни хориҷӣ шудааст",--гуфт ӯ.
Аммо мақомҳои маҳаллии ин вилоят мегӯянд, ки ба ҳеҷ гурӯҳ иҷоза намедиҳанд то аз Бадахшон таҳдид ба кишварҳои минтақа бошанд. Раиси вилояти Бадахшон як моҳ қабл дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки наздик ба 900 тан аз ҷанҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои мухталиф, монанди Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон ва Чин дар Бадахшон ҳузур доранд.
Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯиёни гурӯҳи Толибон дар тамос бо Радиои Озодӣ ҳузури ҷанҷӯёни хориҷӣ дар Бадахшонро рад кард. Бо вуҷуди инкори Толибон, бархе мардуми маҳал ҳам мегӯянд, ки ҷанҷӯёни хориҷӣ дар канори Толибони дохилӣ дар минтақаҳояшон ҳузур доранд. Аз ҷумла, мақомоти ноҳияи Нусай дар рубарӯи Дарвози Афғонистон аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои Толибон хабар доданд, ки дар ҷангҳои баҳори имсол ду нафари он кушта шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон – мояи нигаронӣ дар Тоҷикистон. САДО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кадом кишвари Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомии Амрикоро ҷой медиҳад? ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мардум дар Афғонистон аз бозгашти Толибон ба қудрат тарс доранд. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Халилзод дар Тоҷикистон: Баъзеҳо аз омадани сулҳ дар Афғонистон метарсанд. ВИДЕО