Чулпан Ҳаматова, ҳунарпешаи театру синамои Русия, раҳбари Бунёди “Подари жизнь“, ки ба кӯдакони гирифтори саратон ёрӣ мекунад, дар авҷи ҳамлаҳои бадбинона ба овозхони ҷавон Манижа Сангин зодаи Тоҷикистон, аз ӯ ҳимоят кард. Бисёр мунаққидону ҳамлаварон аз матни суруди «Russian Woman», сарулибос ва ҳам интихоб шудани Манижа ба озмуни бонуфузи мусиқии «Евровидение» ба ҳайси намояндаи Русия хашмгин шуданд. Дар муқобили онҳо шахсиятҳои маъруфи ҷомеаи Русия, овозхонҳову ҳунарпешаҳои бонуфуз дар сафи тарафдорони духтари зодаи Тоҷикистон қарор гирифтанд.
Мунаққидон гуфтанд, ки пешбарии Манижа ба озмун аз номи Русия имтиҳони ҷиддии таҳаммулпазирии қавмию нажодӣ дар ҷомеаи Русия шуд. Дар як суҳбати телефонӣ аз Маскав Чулпан Ҳаматова ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.
Радиои Озодӣ: Манижа ба даври ниҳоии озмуни «Евровидение» роҳ ёфт. Назари шумо чист?
Ман ба онҳое, ки намедонанд, ки муҳаббату меҳрубонӣ ва хайрхоҳӣ чист, дар як фазои баста зиндагӣ мекунанд, раҳмам меояд.Чулпан Ҳаматова
Чулпан Ҳаматова: Бисёр ифтихор мекунам. Як инсони боистеъдод аст. Шахсияти фавқулодда, ҷаҳонибиниаш васеъ ва як одами амиқ аст. Ман бисёр ифтихор мекунам ва умедвор ҳастам, ки ӯ дар озмун баранда мешавад.
Радиои Озодӣ: Шумо яке аз нафароне будед, ки дар пасманзари ҳамлаҳову бадбиниҳое, ки ба сараш омад, ошкоро аз Манижа ҳимоят кардед. Ба назари шумо, оё баъди ин озмун дар зеҳни онҳое, ки мавқеи дигар доштанд, чизе тағйир меёбад?
Чулпан Ҳаматова: На, фикр накунам, ки тағйир меёбад. Тағйироти хеле амиқ зарур аст ва сари ин масъала бояд зиёд кор кард. Вақти зиёд мегузарад.
Радиои Озодӣ: Чулпан, худи шумо ҳам чанд вақт пеш барои филми «Зулайхо чашмашро боз мекунад» мавриди ҳамлаи пуршиддат қарор гирифтед. Шояд шумо интизори ин чиз набудед ва дар гузашта ҳам бо чунин мавҷи вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ нашуда будед. Вале чӣ гуна ин ҳамаро таҳаммул кардед?
Чулпан Ҳаматова: На, ман таҷрибаи хеле калони ҳейт (аз калимаи англисии hate – бадбинӣ) дорам. Ман ин ҳолатро бо вокунишҳои худам муқоиса мекунам: чӣ метавонад маро водор кунад, ки ба нашри вокуниш вақт сарф кунам, бадбиниву адоватро дар ин ҷаҳон бештар кунам? Чӣ метавонад маро водор кунад, ки як зиндагии хашин дошта бошам? Инро фикр мекунаму дарк мекунам, ки тақрибан чизе нест, ки маро ба ин кор барад. Ман ба онҳое, ки намедонанд, ки муҳаббату меҳрубонӣ ва хайрхоҳӣ чист, дар як фазои баста зиндагӣ мекунанд, раҳмам меояд. Ин як мушкили хеле калони Русия, як мушкили ҷиддӣ барои кишвар аст. Вале ман ба ҳамаи онҳое, ки бо чунин ҳамлаҳо рӯбарӯ мешаванд, машварат медиҳам, ки ба ин чизҳо аҳамият надиҳанд, зиндагии худро дошта бошанд. Ҳамаи ин чиз маро дарс медиҳад, ки қадам ба қадам ба хушунату озор посух надода, болотар аз ин ҳама бошаму зиндагиро идома диҳам.
Радиои Озодӣ: Шумо бо Манижа чӣ гуна шинос шудеду чаро ба сафи тарафдорони ӯ пайвастед?
Чулпан Ҳаматова: Ман ӯро барои ҳунарнамоӣ дар барномаҳои Бунёди «Подари жизнь» даъват кардам ва ӯ бо хушнудӣ пазируфт. Ӯ намояндаи насли дигар аст ва барои ман ҷолиб буд, ки ӯ чӣ зиндагӣ дораду кадом арзишҳоро мепарастад, ба чӣ бовар мекунад ва дарк кардам, ки мо бо ӯ аз назари фитрӣ бисёр наздик ҳастем. Ин ҳамкорӣ ба дӯстӣ мубаддал шуд. Ман бисёр шодам, ки насли баъдӣ мо бисёр зебову боистеъдод, нотарсу боз аст.
Радиои Озодӣ: Шумо пеш аз ин ҳам таҷрибаи ҳамкориву дӯстӣ бо тоҷиконро доштед. Дар филми «Падари маҳтобӣ»-и Бахтиёр Худойназаров нақш бозидед, дар Тоҷикистон будед. Дар бораи ин мардум ва фарҳангаш чӣ назар доред?
Чулпан Ҳаматова: Ман 9 моҳ дар наворгирии филми «Падари маҳтобӣ» он ҷо будам ва баъди анҷоми кор як дунё дӯстони тоҷикам он ҷо монданд. Як миллати фавқулодда ва зебо аст. Ба Манижа орзу дорам, ки ҳамеша ба худ эътимод бикунад ва ӯ хеле инсони хуб аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Истиқбол аз Шарқу Ғарб аз ҳунарнамоии Манижа дар Роттердам ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Манижа: Худо хоҳад, баъди "Евровидение" ҳам роҳамро давом медиҳам. САДОБраузери шумо HTML5-ро намешиносад