Раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар дидору мулоқотҳояшон дар Душанбе дар бораи вазъи ноором ва авҷ гирифтани хунрезӣ дар Афғонистон гуфтугӯ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки бо тарки неруҳои Амрико ва НАТО аз ҳамсоякишвари Афғонистон нигаронанд, ки авзоъ бадтар мешавад ва эҳтимоли сирояти ноамнӣ ба Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи 20-уми май дар Душанбе мулоқот карданд. Қосимҷомарт Тоқаев, ки аввалин сафараш пас аз камтар шудани маҳдудиятҳои пандемияи СОVID-19 ба Душанбе анҷом дод дар нишасти хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, амнияти минтақа пас аз хуруҷи нируҳои эътилоф аз Афғонистон яке аз мавзуҳои асосии гуфтугуяҳояшон буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ афзуд: “Мо ба мавзуи таъмини оромиву амнияти минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир кардем. Осиёи Марказӣ, хонаи умумии мо аст. Имрӯз бидуни воҳима мешавад гуфт, ки тақдири минтақаи мо ҳал шуда истодааст. Дар ҷаҳон муқовимат миёни бозингарони аслӣ дар ҳоли афзоиш аст, иқтисоди ҷаҳон дар вазъи ноором қарор дорад, ба сабаби пандемия ноустувориҳои сартосарӣ меафзояд, мавзуъҳои тероризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва вазъи бади амниятӣ дар Афғонистон нигаронкунанда боқӣ мемонад.”
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, вазъ дар Афғонистонро ҳамчунон зери назар доранд, чун амнияти ин кишвар барои тамоми минтақа муҳим аст. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дастур додааст, ки тамоми неруҳои кишвараш то моҳи сентябр аз Афғонистон берун шаванд. Айни замон хуруҷи онҳо идома дорад ва хунрезиву ҷанг ва ҳамлаҳои Толибон ба неруҳои ҳукуматӣ дар ин кишвар зиёдтар шудааст.
Дар баёнияи муштараки Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев омадааст: “Бо дарназардошти вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст, дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус додем. Имрӯз ин барои мо ва шарикони мо дар минтақа масъалаи рақами аввал аст. Дар ин замина, дар бораи мушкилоти Афғонистон ба таври муфассал мубодилаи афкор кардем. Афғонистон таърихан бо кишварҳои мо умумияти зиёд дорад. Мо инкишофи вазъиятро дар ин кишвари бароямон бародар бодиққат пайгирӣ мекунем. Тамоюли эҳтимолии бад шудани вазъро дар робита ба хуруҷи қӯшунҳои эътилоф таъкид кардем.”
Хушбинӣ аз ояндаи ҳамкориҳо
Дар баробари масоили амнияти минтақа ду тараф ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва афзоиш додани додугирифт ва тиҷорат суҳбат кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ Қазоқистонро аз ҳамкорони асосии Тоҷикистон номид ва гуфт, бо вуҷуди ҳамагирии коронавирус ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар дар як соли охир боло рафтааст:”Солҳои охир Қазоқистон дар миёни ҳамкорони хориҷии иқтисодӣ Тоҷикистон мутмаинона ба мақоми дуввум расидааст. Қазоқситон ба таври суннатӣ яке аз воридкунандагони аслии ғалладона, орд, гази моеъ ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Гардиши мол миёни кишварҳои мо дар соли гузашта, сарфи назар аз пандемия, тақрибан ба марзи 1 миллиард доллар расид.”
Дар поёни мулоқот ҷонибҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши равобити хориҷӣ, мубориза бар муқобили маризии сил, дар бахши фарҳанг, саноат, инноватсия ва татбиқи тарҳҳои муштарак оид ба таъсиси низоми тақсимоти молҳо созишнома ва ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар доираи санад доир ба таъсиси марказҳои низоми тақсими молҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 45 миллион доллар ва дар маҷмуъ барои иҷрои лоиҳаҳои соҳаи саноат наздики 500 миллион доллар маблағ ҷудо мешавад. Тоҷикистону Қазоқистон аз замони суқути шӯравии собиқ ҳамкориҳои наздики иқтисодӣ ва сиёсӣ доштаанд.