Раҳбарони Қазоқистону Узбекистон дар бораи тағйирот дар кишварҳои худ бисёр мегӯянд, аммо ислоҳот дар мавриди таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ ҳанӯз дар сатҳи гап мондааст.
Солҳои охир ва баъд аз он ки дар Узбекистону Қазоқистон раҳбарони нав ба қудрат расиданд, мардум умед доштанд, дар кишвари онҳо давраи наве фаро мерасад.
Шавкат Мирзиёев соли 2016 раиси ҷумҳурии Узбекистон ва Қосимҷомарт Тоқаев соли 2019 раиси ҷумҳурии Қазоқистон интихоб шуданд. Ҳарду баробари расидан ба мансаб дар бораи тағйирот гуфтанд. Ҳукумати зери итоати онҳо низ дӯст медорад, ҳар замон ба ҷомеаи байнулмилалӣ гӯшзад кунад, ки ин тағйирот амалӣ мешавад.
Шаҳрвандони ин кишварҳо дар навбати аввал умед доштанд, ки билохира ҳаққи озодии баёну иштирок дар равандҳои сиёсиро ба даст меоранд. Ҳарчанд баъзе тағйирот ва бахусус дар Узбекистон сурат гирифт, ба назар мерасад, вазъи озодии баён ва ҳаққи иштирок дар сиёсат ба монанди давраи раҳбарони пешини худкома, Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов, бетағйир мондааст.
ҚАЗОҚИСТОН
Рӯзи 28-уми феврали имсол дар Қазоқистон дар чандин ҷо тазоҳуроти бузурге баргузор шуд. Мақомот ҳамаи онҳоро, ба истиснои як гирдиҳамоӣ дар Уралск (ғарби Қазоқистон), ғайриқонунӣ донистанд.
Баъзе гирдиҳамоиҳоро фаъолони маҳаллӣ ташкил карданд. Дар баъзе ҳолат созмонҳои сабтнашудаи мухолифин аз ҷонибдорон хоста буданд, ки ба кӯчаҳо баромада, эътирози худро баён кунанд. Дар ҳама ҳолат (танҳо гирдиҳамоии Уралск истисно буд) маъмурони пулис кӯшиш карданд, эътирозҳоро пароканда кунанд ва даҳҳо нафар дастгир шуд.
Рӯзи 19-уми март аз замони истеъфои Нурсултон Назарбоев аз мансаби раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва ба ин мақом омадани Қосимҷомарт Тоқаев ду сол мегузарад. Онҳое, ки дар бораи шеваи нави идораи ҳукумат дар Қазоқистон орзу доштанд, баъди фавран иваз шудани номи пойтахт аз Остона ба Нурсултон ва раиси Сенат шудани духтари калонии Назарбоев, Дариға Назарбоева, якбора ноумед шуданд.
Пас аз он дар Қазоқистон гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор шуд. Тазоҳурот дар замони интихоботи зудҳангоми президентии 9-уми июни 2019 ва баъд аз эълони пирӯзии Тоқаев дар он, ба авҷи худ расид.
Маълум шуд, ки Назарбоев дигар президент нест, аммо мисли пешина ҷилави асосии давлатро дар даст дорад, ҳарчанд Тоқаев нишон доданӣ мешавад, ки аз раиси ҷумҳурии пешин фарқ дорад ва ислоҳоти ҷиддӣ мегузаронад.
Ӯ рӯзи 19-уми декабри соли 2019 дар порлумон гуфт, ки Қазоқистон ба қонуни нав ниёз дорад, то баргузории ҷамъомадҳои осоишта ва гирдиҳамоиҳоро содатар кунад. Вай, инчунин, ҳузури "мухолифони воқеӣ"-ро дар порлумон зарур шумурд.
Новобаста аз изҳороти Тоқаев ягон ҳизби мухолиф сабт нашуд. Моҳи май қонуни нав дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ қабул гардид, вале то он замон Вазорати адлияи Қазоқистон аз сабти созмонҳои оппозитсионӣ худдорӣ варзид.
Пас аз он ки Қосимҷомарт Тоқаев қонунро имзо кард, вакил Азат Перуашев аз ҳизби "Оқ Жол" дар бораи зарурати таъсиси як ҳизби оппозитсионӣ шарҳи ҷолибе дод. Вай гуфт: "Бояд оппозитсияи порлумонӣ вуҷуд дошта бошад, то мавқеи мардумро инъикос кунад ва масъалаҳоеро бардорад, ки аҳолиро нигарон кардааст." Перушаев ғайриихтиёр тасдиқ кард, ки ҳизбҳои тарафдори ҳукумат дар порлумон барои қазоқистониҳо кор намекунанд.
Дар натиҷа, сарфи назар аз сардиҳои сахт, мардум ба гирдиҳамоии эътирозӣ баромаданд ва дубора боздошт шуданд.
Аксҳои эътирозгароне, ки боздошт шудаанд ва ба сӯйи нақлиёти махсус бурда мешаванд, ҳанӯз намоди раёсати ҷумҳурии Қосимҷомарт Тоқаев ҳастанд. Ҳарчанд, мумкин аст, мақомот ин афродро "бетартиб" ва ё ҳатто "тундрав" номанд, рӯшан аст, ки бисёриҳо ислоҳоти мавриди назарро дар Қазоқистон надидаанд.
УЗБЕКИСТОН
Узбекистони давраи Шавкат Мирзиёев аз ҳар ҷиҳат аз ҳукумати даврони Ислом Каримов фарқ дорад. Тошканд зуд муносибатҳоро бо ҳамсояҳояш беҳтар кард, аммо дар бисёре аз бахшҳо, аз ҷумла озодии баёну расонаҳо ва ташкили ҳизбҳои нави сиёсӣ, мисли пешина монд.
Мирзиёев 8-уми сентябри соли 2016 ва пас аз шаш рӯзи даргузашти Ислом Каримов, иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Вай дар интихоботи рӯзи 4-уми декабри ҳамон сол баранда шуд ва, қарор аст, барои давраи дувуми раёсаташ дар интихоботи моҳи октябри имсол вориди рақобат шавад.
Расонаҳои Узбекистон ҳоло мавзуъҳоеро баррасӣ мекунанд, ки дар замони ҳукумати Каримов аз онҳо "мегурехтанд". Барои мисол, вуҷуди коррупсия ё фасод дар миёни мансабдорони сатҳи поин, мушкилоти иҷтимоӣ, ба монанди вайрон кардани хонаҳо ва кӯчондани мардум, боздошти фаъолону блогерҳо ва меҳнати маҷбурӣ дар пахтазорҳо.
Рӯзи 4-уми феврал расонаҳои давлатии Узбекистон хитоби Мирзиёевро ба журналистон иқтибос оварданд: "Ман ба кумаки Шумо умед дорам. Аз адолат даст накашед. Натарсед. Дар пушти Шумо президент меистад".
Дар айни замон маҳдудияти озодии баён дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳамчунон мондааст. Ҳамагӣ ду моҳ пеш расонаҳоро дар бораи бозтоб надодани мушкили норасоии барқу гармӣ огоҳ карданд. Намунаи дигари худсензура дар расонаҳои Узбекистон ин аст, ки таҳқиқоти Радиои Озодиро дар бораи бӯстонсарои махфии Мирзиёев пайгирӣ накарданд.
Баъзе аз расонаҳои маҳаллӣ танҳо бо ишора "ба хабаре, ки дар сомонаҳои интернетӣ пайдо шудааст", иктифо варзиданд. Баръакс, аз президент ҳимоят карда, гуфтанд, ин бӯстонсарои бошукӯҳ барои фароғати тақрибан 90 ҳазор корманди ширкати Роҳи оҳани Узбекистон аст, на раиси ҷумҳур.
Дар Узбекистон расман панҷ ҳизби сиёсии тарафдори ҳукумат фаъол аст. Дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳеч вақт ҳизби воқеии оппозитсиониро ба қайд нагирифтаанд. Моҳи январ вазири адлия Русланбек Давлатов бо намояндагони ҳизби сабтнашудаи "Эрк" (соли 1990 таъсис ёфтааст) вохӯрд ва хабар дод, ки созмони онҳоро сабт намекунанд.
Қосимҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев бар рағми намунаҳои бешумори мухолифат бо густариши ҳуқуқи маданӣ ва озодиҳо, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳанд, ба кишвари онҳо нигоҳи дигаре бияндозанд ва тағйироти начандон бузургеро, ки ба гуфтаи онҳо рӯй додааст, бубинанд. Ҳарду режим ҳатто ширкатҳои байналмилалиро барои таблиғи кишварҳо ва ҷалби таваҷҷуҳ ба сармоягузорӣ ва зарфиятҳои ҷаҳонгардӣ киро кардаанд.
Раҳбарони Қазоқистону Узбекистон борҳо ваъдаи ислоҳот додаанд. Аз замони ба қудрат расидани онҳо чандин сол мегузарад, аммо муҳимтарин ислоҳот сатҳӣ будааст ва ё аслан вуҷуд надоштааст. Шояд замони он фаро расидааст, ки мақомоти ду кишвар ё суҳбат аз тағйиротро боздоранд ва ё даст ба ислоҳоте зананд, ки ба ҳамватанони худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда додаанд.
Брюс Паннир, таҳлилгари Радиои Озодӣ