Дар як рӯз шаш додраси тоҷикро аз кор гирифтаанд

Бар асоси фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 18-уми май нашр шуд, шаш додраси тоҷикро аз мансабҳояшон гирифтаанд.

Хадамоти матбуоти президент навишт, ки Мавҷуда Шарифзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва Ҳабибулло Мирбобозода, раиси Додгоҳи ноҳияи Деваштич бознишаста шуданд.

Манбаъ афзуд, Искандар Давлатзода ва Муҳаммад Расулзода, додрасҳои Додгоҳи вилояти Хатлон, Эраҷ Ализода ва Фирӯза Аминзода додрасҳои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо хоҳиши худ аз кор рафтаанд. Сабаби чунин рафтори додрасҳо маълум нест.

Феълан дар Тоҷикистон 450 додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир беш аз 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.

Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон (иттиҳоди додрасҳои саршинос ва ҳуқуқшиносони ҷаҳон) низ моҳи декабри соли 2020 дар гузорише гуфт, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад.

Мақомоти Тоҷикистон низоми адлияи худро одилона мешуморанд ва танҳо баъзе аз додрасҳоро ба "фаъолияти ғайрикасбӣ" айбдор мекунад.