Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко қонунеро имзо кард, ки ба ходимони полис ва нирӯҳои амниятӣ иҷоза медиҳад, ки ба сӯи эътирозгарон тир холӣ карда шавад. Қонуни рӯзи 17-уми май имзокардаи Лукашенко ходимони ҳифзи қонунро аз масъулият дар баробари осеби инсон ба ҳангоми ҳамлаи ҷисмонӣ, оташкушоӣ ваё истифодаи дигар василаву силоҳҳои вижа бар зидди эътирозгарон озод мекунад. Ин қонун бахше аз як қонунгузории азим аст, ки парлумон моҳи апрел онро қабул кард. Дар он инчунин озодиҳои маданӣ шадидан маҳдуд шуда, пахши иттило дар бораи саркӯбҳои демократӣ дар кишвар ҳам бо маҳдудият рӯбарӯ мешавад.
Интихоботи президентии августи соли гузашта дар Беларус бо пирӯзии Лукашенко анҷомид, вале мухолифон бовар доранд, ки барандаи аслӣ раҳбари мухолифон Светлана Тихановская буд ва ин натиҷаҳо шадидан тақаллуб шуданд. Дар пай дар саросари Беларус эътирозҳо бо талаби истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи нав шурӯъ шуд. Мақомот ва сохторҳои қудратӣ даст ба саркӯб зада, ҳазорҳо нафарро зиндонӣ карданд. Дар давоми ин саркӯбҳо чандин нафар кушта шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки боздоштшудаҳо аксаран шиканҷа шуданд.