Пас аз оташбаси серӯза дар Афғонистон ҷанг дубора сар шуд

Шаҳри Лашкаргоҳ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон

Ҷанг миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон 16-уми май дар вилояти ҷангзадаи Ҳилманд дубора оғоз шуд.

Толибон ба муносибати иди Фитр се рӯз оташбас эълон карданд, ки имрӯз он ба поён расид.

Атоуллоҳ Афғон, раиси Шурои вилояти Ҳилманд ба хабаргузории “AFP” гуфтааст, ки “ҷанг субҳи барвақти имрӯз сар шуд ва то ҳол идома дорад.”

Ӯ гуфт, ки Толибон ба дидбонгоҳҳои нерӯҳои амниятӣ дар Лашкаргоҳ, маркази вилоят ва дигар навоҳӣ ҳамла кардаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки амалиётро нерӯҳои давлатӣ оғоз карданд, вале онҳоро гунаҳкор мекунанд.

Давоми се рӯзи оташбас дар ҳамлае дар як масҷид дар Кобул 12 намозгузор ҳалок шуданд. Гурӯҳи тундрави ДОИШ ҳамларо бар душ гирифт.

Мақомоти Афғонистон аз моҳи сентябри соли 2020 бо гурӯҳи Толибон дар Қатар музокира мекунанд. Онҳо ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд.

ИМА дар пайи чунин музокирае ба созиш расид, ки хоки Афғонистонро тарк мекунад ва Толибон бо давлат барои сулҳ музокири намуда, ба ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Афғонистон паноҳгоҳ намедиҳанд.

Қарор аст, то 11-уми сентябр пас аз 20-соли ҳузур нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд.