Солҳост, ки барои ёрӣ ба мардуми бехонаву нодор ва ё осебдида дар Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ё блогерону шахсони алоҳида пул ҷамъ меоранд. Вале ин дафъа мақомот нагузоштанд, ки шахсони алоҳида зимоми расондани кумакро ба мардуми осебдида дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон ба уҳда бигиранд.
Дар сароғози ҳамагирии коронавирус ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷамъовариву расондани кумакҳояш озод буд ва ёриҳое низ расонд. Рӯшан нест, ки чаро дар ин фурсат давлат талош дорад, аз айни чунин ҷунбиш пешгирӣ кунад.
Дар ниҳодҳои давлатӣ намехоҳанд, ки чунин кор аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирад ва мехоҳанд, ба танҳоӣ ин корро пеш баранд.Шокирҷон Ҳакимов
Намояндагони мақомот танҳо иддао доранд, ки баъзе аз сокинон аз ин вазъ суистифода мекунанд, аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, харҷу дахлашон ошкор буд.
Эъломия ҳаст, шарҳ нест
Гурӯҳи "Ахбор барои афкор" дар Фейсбук рӯзи 5-уми май эълон кард, ки ҳамроҳ бо созмони "Насли навини тоҷикон" дар Амрико барои ҷамъоварии кумак ба зарардидагони муноқишаи марзӣ суратҳисоб кушодаанд.
Пас аз як рӯзи он Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ташкили суратҳисоби махсус барои ёрӣ ба зарардидагони Исфара хабар дод ва хитоб ба хайрхоҳон гуфт, маблағро ба суратҳисоби давлатӣ гузаронанд, на "суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ". Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 11-уми май гуфт, "баъзе аз шаҳрвандон бо истифода аз ин вазъ ба ҷалби маблағ машғуланд" ва аз сокинон хост, пулҳоро ба суратҳисобе гузаронанд, ки Вазорати молия кушодааст.
Баъзе аз ҳуқуқдонҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин гуна даъватҳои мақомотро танқид карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар Тоҷикистон барои осебдидагони ҷанг дар марз кумак ҷамъ меоранд. ВИДЕОРаҷаби Мирзо, журналист ва яке аз ташаббускорони ҷамъоварии кумак ба зарардидагони муноқишаи марзӣ, эълон кард, ки ба онҳо ишораҳое шудааст, "бояд маблағҳои ҷамъшударо ба суратҳисоби ҳукуматӣ ворид кунанд". Вале ӯ ба Радиои Озодӣ дар мавриди чунин ишораҳо тафсилот надод.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ барои шарҳи ин ҳолат ба тамосҳои батакрори мо ҷавоб надоданд.
Ду интихоб
Иқдоми ҷамъоварии кумак ба хонаводаҳои осебдида якҷо бо Маркази “Насли навини тоҷикон” дар Амрико сурат гирифта буд. Ташаббускорон гуфтанд, пас аз қатъи корашон тасмими харҷи даҳҳо ҳазор маблағи ҷамъшударо ба ихтиёри худи соҳибони маблағ гузоштаанд.
Абдураҳими Умариён, роҳбари маркази "Насли навини тоҷикон", гуфт, маъракаи ҷамъоварии кумак ба хубӣ пеш мерафт, аммо бо ташкили суратҳисоби давлатӣ маҷбур шудаанд, аз ин кор даст кашанд.
Умариён мегӯяд, ҳадафи онҳо дар баробари ёрӣ ба хонаводаҳои осебдида, "собит кардани ҳамкории устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳукумат дар чунин як марҳилаи ҳассоси таърихӣ буд".
"Мақомот намехоҳанд". Чаро?
Дар пайи қатъи кори ин гурӯҳи ташаббускор, баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз бархурди мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ интиқод карданд.
Айни замон чанде аз корбарон навиштанд, ки ба дахлу харҷи пулҳояшон дар суратҳисобҳои расмӣ бовар надоранд. Яке аз онҳо ишора кард, ки дар авҷи пандемияи коронавирус мақомот суратҳисоб кушоданд, аммо дар охир нагуфтанд, ки чӣ қадар пул ҷамъ шуду ба чӣ кор харҷ шуд.
Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, дар масъалаи ҷамъоварии кумак ба хонаводаҳои осебдида ҳамкории мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиат буд.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ниҳодҳои давлатӣ намехоҳанд, ки чунин кор аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирад ва мехоҳанд, ба танҳоӣ ин корро пеш баранд. Ҳамон қишри муайяни иҷтимоие, ки метавонистанд аз ёриҳо мақсаднок истифода баранд, маҳрум шуданд."
"Онҳо ба дастгирӣ ниёз доранд"
Фаълони ҷомеа кумак ба зарардидагони муноқишаи охирро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муҳим мешуморанд. Шаҳноз Комилзода, хабарнигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба назди хонаводаҳои зарардида ба Исфара рафта буд, мегӯяд, "онҳо аз ҳар ҷиҳат ба дастгирӣ ниёз доранд".
"Сокинон хеле ғамгину нороҳат буданд. Вақте мо ба онҳо ҳамсуҳбат шудем ва аввалин кумакҳои худро расондем, хеле рӯҳбаланд шудаанду боварияшон ба ояндаи нек бештар шуд", --афзуд ӯ.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб 55 кас куштаву 276 нафар захмӣ ва даҳҳо манзил вайрону корношоям шуданд. Мақомоти ду кишвар ба таври ҷудогона ваъда кардаанд, ки зуд хонаҳоро месозанд ва ба осебдидагон ёрии пулӣ расонданд, вале намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, он кофӣ нест.