Вакилони порлумони Тоҷикистон аз тарҳи қонуне тарафдорӣ карданд, ки ба иддаои онҳо дастрасии хабарнигоронро ба ҷузъиёти мурофиаҳо осон мекунад, вале рӯзноманигорон шак доранд.
Дар солҳои охир аксар муҳокимаҳо паси дарҳои баста ва ё дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ мегузаранд ва мақомот бо баҳонаи гуё сиррӣ будани парванда тафсилоташро намегӯянд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми май дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, бар асоси тарҳи нав минбаъд як намояндаи додгоҳ бо расонаҳо ҳамкорӣ карда, "дастрасии хабарнигоронро ба маълумот осон мегардонад".
Ӯ афзуд: "Намояндаи расмие, ки бояд бо расонаҳо ҳамкорӣ кунад, раиси суд хоҳад буд ё шахси дигаре, ки аз тарафи раиси суд таъин шудааст."
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъкид кард, ки яке аз масъалаи муҳим барои дарёфти иттилоъ пешниҳоди дархости расмӣ аст, аммо айни замон афзуд, "ҳолатҳое пешбинӣ шудааст, ки чунин дархост қонеъ карда намешавад".
"На ҳамаи иттилоот тавассути расонаҳо нашр карда мешавад. Аз ҷумла, маълумот дар бораи парвандаҳои дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигаре, ки қонун ҳифз мекунад. Яъне, бо риоя кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дахолат ба ҳаёти шахсӣ, сирри шахсиву оилавӣ, ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кории онҳо", -- шарҳ дод Шермуҳаммади Шоҳиён.
Вай афзуд, иттилооте, ки татбиқи адолати додгоҳӣ, таъмини амнияти иштирокдорони мурофиаи додгоҳиро халалдор мекунад, низ ба расонаҳо дода намешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тарҳи қонун "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо" қонуни нав буда, аз шаш бобу 26 модда иборат аст. Масъалаи дастрасӣ ба иттилоот ва иштироки хабарнигорон дар мурофиаҳои додгоҳиро то ин замон қонунҳои дигар пешбинӣ мекарданд, вале на ҳама меъёрҳои қонун риоя мешуданд.
Қабули қонуни нав дар ҳолест, ки масъалаи маҳдудият дар гирифтани иттилоъ аз додрасҳо борҳо мавриди интиқоди баъзе аз хабарнигорону созмонҳои журналистӣ шудааст. Илова ба ин, сомонаҳои расмии додгоҳҳои Тоҷикистон солҳо боз аз нашри иттилои дақиқу нав худдорӣ мекунанд. Аксари ин сомонаҳо аз хабарҳои кӯҳна иборатанд ва дар бораи парвандаҳову ҳукмҳо маълумоте намедиҳанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 14-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бознигарии кори сомонаҳои расмӣ барои пешниҳоди иттилои саривақтӣ низ дар назар аст: "Интишори матни санадҳои судӣ, маълумот дар бораи парвандаҳо, маълумоти оморӣ дар тарҳи қонун пешбинӣ шудааст."
Феълан дар Тоҷикистон 450 додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир беш аз 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.
Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон (иттиҳоди додрасҳои саршинос ва ҳуқуқшиносони ҷаҳон) низ моҳи декабри соли 2020 дар гузорише гуфт, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад. Мақомоти Тоҷикистон низоми адлияи худро одилона мешуморанд ва танҳо баъзе аз додрасҳоро ба "фаъолияти ғайрикасбӣ" айбдор мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Омбудсмени кӯдакро дар Тоҷикистон як ниҳоди рамзӣ ва камтаъсир хонданд СММ барои ислоҳи вазъ дар Тоҷикистон 17 машварат дода буд, оё иҷро шуд?Додраси муттаҳам ба ришвахорӣ чӣ гуна нопадид шуд? Ҷузъиёти парвандаро шарҳ доданд.ВИДЕОГапи Озод: Дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ё не? ВИДЕО"Вақте президент таъин мекунад..." Додгоҳҳои Тоҷикистон – низоме мустақилу беғараз ё пойбанди ҳукумат?