Дар тӯли панҷ соли мавҷудияти мақоми омбудсмени кӯдак, ба гуфтаи коршиносон, дар ин соҳа ҳеч беҳбуди қобили мулоҳизае ба назар нарасид. Баъзеҳо камкории ин мансабдорро танқид мекунанд, бархеи дигар мушкилро дар мустақил набудани омбудсмен мебинанд.
Панҷ сол пеш, дар моҳи майи соли 2016, дар Тоҷикистон вазифаи омбудсмени кӯдак таъсис дода шуд. Собиқ вакили дифоъ Раҷабмоҳ Хабибуллозода бо пешниҳоди президент ва тасдиқи парлумон омбудсмен таъин шуд. Охири моҳи апрел, хадамоти матбуоти президент эълон кард, ки Ҳабибуллозода аз вазифа барканор ва бо пешниҳоди президент Миҷгона Бободҷонзода ба ин вазифа таъин шуд. Ахирӣ қаблан дар шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент кор кардааст.
Хабари барканории Омбудсмени кӯдак аз вазифа саволу интиқоди зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Корбарон навиштанд, ки ҳузури омбудсмени кӯдак дар ҷомеа эҳсос намешавад ва мушкили ҳифзи ҳуқуқи атфол дар ҷомеа ҳамоно доғ боқӣ мемонад.
Оё дар ҳақиқат чунин аст?
Рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова мегӯяд, ки идораи омбудсмени кӯдак бештар хусусияти размӣ дорад. Як далел ба гуфтаи ӯ ҳодисаҳои худкушии занон ҳамроҳ бо фарзандон аст. “Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи қонунӣ ҳимоя карда намешаванд, вагарна модарон дар нигоҳубин ва таъмини фарзандони худ мушкилот намедоштанд. Модарон манфиати фарзанди худро ҳимоя карда наметавонанд ва даст ба чораҳои ниҳоӣ мезананд (манзур худкушӣ). Дар чунин ҳолат, бояд омбудсмен аз ҳар каси дигар баландтар садо диҳад”.
Аммо ба гуфтаи Мирзобекова омбудсмен, дар чунин ҳолатҳо садо баланд намекунад ва дар Тоҷикистон ҳеҷ нақше надорад. Ӯ афзуд, омбудсмени кӯдак дар ҳолатҳое ҳам, ки афроди муттаҳам ба хушунат алайҳи кӯдакон бе ҷазо мемонанд, ҳеҷ вокунише накард.
Моҳи январи имсол суханони Ҳабибуллозода дар бораи ин ки аз ҳоли кӯдаки таҷовузшуда дар Ҳисор хабар нагирифт зеро волидонаш муроҷиат накарданд, вокуниши зиёдеро дар ҷомеъа ба бор овард. Аз шарҳи ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро, ки гумонбарро афв кард, он вақт омбудсмен худдорӣ кард.
“Додгоҳҳои зинаи боло ҳақи арзёбии ҳукмро доранд. Мо дар ин ҷо ин мавзуъро шарҳ дода наметавонем, зеро он барои тафтишоти иловагии нав боз гардонида шудааст. Ва ҳамаи мо медонем, ки парванда ба додгоҳ рафт ва ҳукм содир шуд. Додгоҳ судшавандаро ба 5 соли зиндон маҳкум кард, аммо вай тибқи авфи пешбининамудаи Кодекси ҷиноятӣ озод карда шуд. Аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ пешниҳод карда шуд, ки барои тафтишоти нав ба Додгоҳи оли фиристода шуд ”, - гуфт Ҳабибуллозода.
Радиои Озодӣ талош кард, ки назари Ҳабибуллозодаро дар робита ба интиқодҳое, ки аз ӯ мешуд бипурсад, вале омбудсмени пешини кӯдак ба далели серкорӣ суҳбат накард.
«Кор кард, аммо худро таблиғ накард»
Ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки Раҷабмоҳ Хабибуллозода то ҷойе, ки имкон дошт талош кард, ки кор кунад. «Ман бо ӯ борҳо вохӯрдам ва мавзӯи кӯдаконро баррасӣ кардем. Ӯ як шахси меҳрубону ботамкин аст, ҳамсуҳбатро гӯш карда метавонад. Аммо масъалаҳое вуҷуд дорад, ки бинобар набуди озодии амал, намешавад онҳоро ҳал кард. Ман шубҳа дорам, ки омбудсмени нави кӯдакон битавонад масъалаи бузургтареро ҳал кунад, ”- мегӯяд Бобоназарова.
Ба гуфтаи вай, ба фарқ аз мансабдорони дигар, омбудсмени пешини кӯдакон худро таблиғ накарда, балки талош кардааст, ки кор кунад.
Мушкилоти ҳалношуда
Тибқи як таҳқиқоти ЮНИСЕФ ва Маркази тадқиқоти стратегии президенти Тоҷикистон, беш аз 80 дарсади кӯдакон дар бораи ҳуқуқҳои худ маълумот надоранд.
Лучано Калестини, роҳбари Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо пойгоҳи Сabar.asia гуфтааст, ки мувофиқи назарсанҷӣ тақрибан 43 дарсади кӯдакон гуфтаанд, ки онҳо ба намудҳои гуногуни хушунат рӯ ба рӯ шудаанд.
Аммо дар баробари ин, ба гуфтаи ӯ, дар 20 соли охир, Тоҷикистон тавонистааст маргу мири кӯдаконро ду маротиба коҳиш диҳад ва сатҳи онро аз 1000 нафар ба 33 нафар расонад. То ин дам аз 1000 кӯдаки таваллудшуда дар кишвар то сини 5-солагӣ 100 нафарашон мемиранд.
Соли 2015 парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон»-ро қабул кард. Аммо, созмонҳои ҳуқуқи башар дар як гузориши алтернативӣ оид ба риояи Муоҳидаи ҳуқуқи кӯдак таъкид карданд, ки бисёр ҷанбаҳои муҳими вазъи кӯдакон дар кишвар, алалхусус мавзӯи шиканҷа ва мушкили адолати додгоҳӣ, дар ин қонун ба таври возеҳ инъикос нашудаанд.
Бо вуҷуди ин ҳама, дар оморҳои созмонҳои байналмилалӣ низ маълумотҳои мусбате мавҷуданд, ки аз кам шудани ҳолатҳои ба кор ҷалб кардани кӯдакон шаҳодат медиҳанд.
Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Меҳнат, дар солҳои охир дар Тоҷикистон 10 дарсад ё 270 ҳазор кӯдак аз кори вазнин раҳо ёфта, ба мактаб ва зиндагии оддӣ баргаштанд.
Мушкилот дар низом аст?
Коршиносони мустақил мегӯянд, ки омбудсмени кӯдак, ба мисли мансабдорони дигар, дар доираи қоидаҳои нонавиштае фаъолият мекунад ва наметавонад аз он берун барояд. Аммо вакили палатаи поёнии парлумон Саидҷаъфар Усмонзода бо чунин арзёбиҳо розӣ нест ва мегӯяд «қоидаҳои нонавиштае» вуҷуд надорад ва тамоми масъала марбут ба тавонмандии кории як хизматчии давлатӣ аст. "Ҳоҷате нест, ки мунтазири супориши президент бошанду иҷро кунанд ва боз супориши дигарро мунтазир бошанд, зеро ин ба талаботи муосир посухгӯ нест "-, мегӯяд Усмонзода.
Дар ҳамин ҳол, Усмонзода афзуд, тӯли шаш сол ӯ ҳеҷ гоҳ ҳисоботи омбудсменро дар парлумон надидааст ва ҳангоми ба миён омадани саволҳо, вакилон одатан ба мақомоти иҷроия дар шакли хатӣ муроҷиат мекунанд.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқ мегӯяд, ки омбудсмен бо назардошти хусусиятҳои фаъолияташ бояд, мавқеи созандаи оппозисиониро ишғол кунад, аммо дар шароити Тоҷикистон ин ниҳод "бо ризояти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ" кор мекунад.
«Ба далели набуди иродаи сиёсӣ, президент ҳеҷ гоҳ муҳаққиқон ва фаъолонро ба ин гуна вазифаҳо тавсия намедиҳад, ки мехоҳанд ҳуқуқи шаҳрвандонро бидуни созишу тавофуқе дифоъ кунанд. Зеро ин хилофи манфиатҳои режими мавҷуда мебошад. Аз ин рӯ, кадрҳои сустирода ва бемояро тавсия медиҳанд, - хулоса кард Ҳакимов.