Нахуствазири Тоҷикистон аз сокинони шаҳри Кӯлоб хост, ки ду рӯз муҳлат диҳанд, то ҳама ҷой хушк шавад ва баъдан онҳо барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар оғоз кунанд.
Бар асари омадани сел, рӯзи 11-уми май, дар шаҳри Кӯлоб роҳу хонаҳо вайрон шуда, ба иттилои расмӣ, се кас ҷон бохтанд. Мақомот ҳамвора аз мустаҳкам кардани соҳилҳои рӯду сой дар Кӯлоб мегӯянд, вале сокинон сели охирро нишонаи талошҳои нокофӣ медонанд.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, рӯзи 12-уми май ба мардум гуфт, ба онҳо ду рӯз лозим аст, то корро барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ шуруъ кунанд. Ӯ афзуд, "ду рӯз вақт даркор аст, то камтар хушк шавад. Хушк, ки шуд, бачаҳо ёрӣ медиҳанд. Мо бартараф мекунем."
Рӯзи 11-уми май аз чанд тараф ба шаҳри Кӯлоб сел омада, сокинонро ғофилгир кард. Баъзе аз мардум гуфтанд, ҳатто фурсати аз хона баромадан наёфтанд, ки обу лойқа ба ҳавлиҳояшон даромад.
Сели ду рӯз пеш такрори ҳодисаи ёздаҳ сол пеш буд. Соли 2010 дар ҳамин шабу рӯз сойи Тебалай дар Кӯлоб пури санг шуд ва об соҳилҳоро шикаству ба маҳаллаҳои Кӯлоб даромад ва роҳу хонаҳоро вайрон кард.
Баъзе аз сокинони Кӯлоб аз он норозигӣ мекунанд, ки мақомот ба мушкили онҳо дар тоза кардани соҳил ва мустаҳкам кардани сойи Тебалай намерасанд. Мақомот борҳо гуфтаанд, ки соҳилҳои Тебалайро дар Кӯлоб мустаҳкам кардаанд.
Наворро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло як ҳайати ҳукуматӣ зери роҳбарии Қоҳир Расулзода аз хонаи сокинони Кӯлоб ва минтақаҳои дигаре дидан мекунанд, ки аз офати табиии рӯзи 11-уми май зарар дидаанд.
Яке аз сокинони осебдида дар суҳбат ба Расулзода даҳшати сели рӯзи 11-уми майро чунин нақл кард: "Кӯдаконро дар ҳамин ҷо қапидем. Бачаҳо маро маҳкам маро дошта мегуфтанд, ки оча куҷо равем."
Нахуствазири Тоҷикистон сокинони зарардидаро дилбардорӣ кард, аммо айни замон танқид кард, ки бо вуҷуди омадани сел дар солҳои гузашта ва хароб шудани манзилҳо, мардум боз ҳам дар дар назди сой хона сохтаанд.
"Сой пур шудааст. Баъзе мардум рафта, дар назди сой хона месозанд. Баъзан ғайриқонунӣ месозанд", -- гуфт Қоҳир Расулзода.
Сокинон мегӯянд, худсарона дар канори сой манзил дуруст накардаанд, балки бо иҷозаи мақомот дар онҷо хона сохтанд. Онҳо мепурсанд, ки агар ин минтақа воқеан хатарнок аст, чаро иҷозаи сохтмон дода шудааст.
Миқдори зарари расида аз сел дар шаҳри Кӯлоб ҳоло маълум нест. Мақомот гуфтанд, ки як комиссияи ҷумҳуриявӣ зарари расидаро ҳисобу китоб дорад.
Мақомот мегӯянд, офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 12-уми май дар эъломияе гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.
Сокиноне, ки хонаву дарашонро аз даст додаанд, мунтазиранд, ки мақомот барояшон кумак мекунанд. Нахуствазир ҳам ба сокинони Кӯлоб ваъда дод, ки хонаҳои вайроншударо дубора барқарор мекунанд ва ба ҷойи хонаҳое, ки сахт осеб дидааст, манзилҳои нав месозанд.
Мардуми осебдида мегӯянд, то замоне ки сою рӯдхонаҳо мустаҳкам нашавад, хавфи дигарбора омадани селу вайрон шудани хонаҳои онҳо пойбарҷост.
Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст. медиҳанд.