Муовини раиси ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон ба сокинони Қирғизистон муроҷиат кард

Хайриннисо Юсуфӣ. Акс аз бойгонӣ

Муовини раиси ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони Қирғизистон хостааст, ки "дар рӯзҳои мушкил барои ҳарду кишвар" қувваҳоро барои барқарории субот дар марз муттаҳид кунанд.

Хайриннисо Юсуфӣ рӯзи 12-уми май дар муроҷиати видеоӣ бо забонҳои русӣ ва қирғизӣ гуфт, мардуми Тоҷикистону Қирғизистон "бояд дар сулҳу оромӣ ба сар баранд". Раҳбарии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро президент Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Ин муроҷиат пас аз тақрибан ду ҳафтаи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон садо дод. Дар ин ҳодиса аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.

"Дар таърихи чандинасраи ҳамсоядорӣ якҷоя бисёр санҷишҳоро гузаштем, аз якдигар омӯхтем. Ҳар кадоме мо дар кишварҳои ҳамсоя ҳамкорони хубу шиносҳо ва дӯстону наздикон дорем. Моро хешутаборӣ, таърих ва дину фарҳанги ягона пайваст мекунад", -- гуфтааст Хайриннисо Юсуфӣ дар муроҷиаташ дар Ютуб.

Муроҷиати ӯ ва наворҳои дигари баъзе аз хабарнигорони расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар масъалаи марз дар ҳоле нашру паҳн мешаванд, ки пештар мақомотро барои сустӣ ва посух нагуфтан ба иддаоҳои ҷониби Қирғизистон танқид карда буданд.

Баъзе аз шаҳрнависон ба ин видео вокуниш кардаанд. Корбаре бо номи Саид Сооронбоев дар Ютуб навиштааст, ки муроҷиати Хайриннисо Юсуфӣ ботаъхир садо дод.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта, 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Ба иттилои расмӣ, ин шабу рӯз дар марзи ду кишвар оромӣ ҳукмфармост. Сокинони деҳаҳои наздисарҳадии ду тараф ба маҳалли зисти худ баргашта, сохтмони хонаҳои вайроншуда низ шуруъ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

29 АПРЕЛ. "Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд1 МАЙ. Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз созиш карданд