Бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21-уми май то 30-юми июни имсол Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 15 намуди варзиш - баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштигирӣ, гуштии варзишӣ (тарзи озод ва юнониву румӣ), камонварӣ, каратэ, қайиқронӣ, самбо, таеквондо, ҳандбол, ҷудо ва шиноварӣ - ворид шудааст.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 рӯзи 22-юми май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз мегардад, ки ду рӯз идома хоҳад кард. Сипас,
- рӯзҳои 1-2-юми июн мусобиқаи гуштигирӣ,
- 3-4-уми июн гуштии юнониву румӣ ва каратэ,
- 5-6-уми июн шиноварӣ,
- 7-8-уми июн гуштии озод,
- 9-10-уми июн ҷудо ва таэквондо,
- 10-14-уми июн волейбол миёни занон,
- 11-12-уми июн самбо,
- 12-13-уми июн вазнабардорӣ,
- 13-17-уми июн ҳандбол,
- 18-22-юми июн баскетбол миёни мардон,
- 23-27-уми июн волейбол миёни мардон,
- 24-25-уми июн қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ,
- 25-29-уми июн бокс ва
- 28-29-уми июн камонварӣ доир хоҳанд шуд.
Ҳамаи мусобиқаҳо, ба ғайр аз вазнабардорӣ, волейбол миёни занон ва камонварӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқаи вазнабардорӣ дар Кулоб, волейбол миёни занон дар Хоруғ ва камонварӣ дар Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.