Имрӯз дар бораи саводу дониш суҳбат мекунем ва дар бораи донишҷӯён дар Душанбе, ки имсол бояд ҳангоми таътили тобистона ба хона нараванд ва барномаҳои идонаи 30-солагии истиқлоли Тоҷикистонро омода кунанд.
Радиои Озодӣ дар бораи ҷалби донишҷӯён ба ҷашнҳои давлатӣ ва ё "маршировка" гузорише дод ва баҳси зиёде дар бораи он идома дорад. Баъзе гуфтаанд, донишҷӯён бояд ватандӯст бошанду дар ҷашн ширкат кунанд, аммо қисмати зиёди дигар гуфтаанд, ҷалби донишҷӯён ба барномаҳои идона кори дуруст нест.
Дар ҷумҳурӣ садҳо ансамблҳои давлативу ғайридавлатӣ амал мекунанд. Ҳар яке аз онҳо як саҳна пешниҳод кунанд, базми панҷсоатаро метавон баргузор кард. Мардум ихтиёрӣ омада, тамошо кунанд. Чӣ лозим хароҷоти зиёд ва маъракаҳои нолозим?Як корбар
Аз шарҳи корбаре оғоз мекунем, ки худро дар вебсайти Радиои Озодӣ "Ҳуқуқ" муаррифӣ карда, гуфтааст, ҷалби донишҷӯён ба "маршировка" бар хилофи қонунҳоест, ки Тоҷикистон қабул кардааст.
Шарҳаш чунин аст: “Шумо бо ин маршировка ҳуқуқи донишҷӯёнро поймол мекунед. Як бор қонунҳои қабулкардаатонро таҳлил кунед. Ин ҳама ғайриқонунӣ аст. Агар хоҳед, дар маршировка ширкат кунанд, шартномаи корӣ бандед ва маблағашонро пардохт кунед. Аз ин дида, ба Ворух кумак расонанд, хуб нест? Пули маршировкаро ба Ворух фиристед, ватану миллатдӯстҳо."
Гурӯҳи дигаре аз корбарон гуфтаанд, рафтори мақомот ва вазорати маориф мисли он мемонад, ки ба ҷойи омода кардани мутахассис, ҳунарпеша омода кунанд. Шарҳи корбареро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки худро Муҳаммад муаррифӣ кардааст.
"Ман ҳайрони кори Вазорати маориф мешавам, магар донишҷӯён аз ноҳияҳои дурдаст барои дарс омӯхтан меоянд, ё раққоса шудан? Ин ҳамааш як кори беҳуда аст. Дигар ҳукуматдорони мо кор надоранд. Медонанд, ки иқтисоди Тоҷикистон ба "0" баробар шудааст. Ба ҷойи фикри пешбурди давлатро кардан, раққосагӣ карда гаштаанд", -- навиштааст ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале тарафдорони ҷалби донишҷӯён ба таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва бахусус 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми сентябри имсол таҷлил мешавад, кам нест.
Ин гуруҳи корбарон гуфтаанд, ки саҳм гузоштан дар ҷашнҳои давлатӣ нишонаи ватандӯстӣ ва меҳанпарастист. Аз миёни чунин шарҳҳо навиштаи корбареро мехонем, ки худро "Омӯзгор" номидааст: "30-солагии ҷашни истиқлоли миллии кишвари азизамонро солҳо интизор будем, магар ин шараф нест? Донишҷӯёни гиромӣ ин лаҳзаҳои хуб ғаниматанд. Иштирок кунеду миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем. Дар тӯли ин соли беморӣ мардум хеле дилтанг шуданд. Бояд ҷашни миллатро бо тамоми шаҳоматаш таҷлил кунем, бетараф набошем."
Қисмати дигаре аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ навиштаанд, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ҷойи фиристодани донишҷӯён ба раҳпаймоиву консертҳои давлатӣ бояд ба дониши онҳо аҳамияти бештар бидиҳад, то ихтисосашонро донанду кор карда тавонанд.
Шарҳи корбареро ҳамроҳ мехонем, ки худро "Тоҷдор" муаррифӣ кардааст: “Маориф торафт рӯ ба пастӣ оварда истодааст. Наход масъулин нафаҳманд, ки агар донишҷӯ ё талаба як соат дар дарс иштирок накунад, аз дарс чӣ қадар ақиб мемонад? Аммо талабагони мо як моҳ дар дарс иштирок намекунанд, барои Наврӯз, истиқлол, Иди каду ва Иди асал машқ мекунанд. Барои пешвози пешво ду моҳ пеш на танҳо муассисаҳои соҳаи маориф, балки тамоми корхонаҳо аз кор озоданд. Фақат тайёрӣ барои пешвоз гирифтан.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Маршировка" ба ҷойи таътил. Донишҷӯёни Душанбе боз ба роҳпаймоиҳои ҷашнӣ даъват шудандҚисмате аз корбарон пешниҳодҳое кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо метавонад, ҳам ба нафъи донишҷӯён бошад ва ҳам ба нафъи давлат. Яке аз ин пешниҳодҳоро аз номи корбаре бо номи "Ватандӯст" интихоб кардем ва он ҳам чунин аст:
"Дар ҷумҳурӣ садҳо ансамблҳои давлативу ғайридавлатӣ амал мекунанд. Ҳар яке аз онҳо як саҳна пешниҳод кунанд, базми панҷсоатаро метавон баргузор кард. Мардум ихтиёрӣ омада, тамошо кунанд. Чӣ лозим хароҷоти зиёд ва маъракаҳои нолозим, ки ба сиёсат, иқтисоди кишвар ва обрӯи он осеб мерасонад. Аз ин маблағҳо метавонем, мушкилоти муҳимтарро ҳал кунем. Масалан, харидани камераҳо барои сарҳад, беҳтар кардани шароити таълим ва ғайра."
Барномаро дар Ютуб бинед: