Пас аз таркиш... Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро месанҷанд

Як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар Душанбе

Пас аз таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе, ки бар асари он як нафар ҳалок ва чанд каси дигар маҷруҳ шуданд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон санҷиши сартосарии нуқтаҳои газу бензинфурӯширо ба роҳ мондааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 7-уми май дар иттилоияи расмӣ гуфтаанд, дар ин амалиёт қоидаҳои нигаҳдории маводи сӯхту молиданӣ санҷида мешавад. То ин дам дар чаҳор нуқта дар Душанбеву ноҳияи Рудакӣ риоя нашудани қоидаҳои зиддисӯхтор ошкор гардида, соҳибони онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе рӯзи 1-уми май рух дод. Бар асари он чанд нафар захмӣ шуда, Алексей Рязантсеви 21-сола дар бемористон даргузашт. Ӯро рӯзи 9-уми май дафн карданд.

Нисбат ба соҳиби 33-солаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар гузашта дар вилояти Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд.

Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯянд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.