Дар Туркманистон барои маъракаи ёдбуди падари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз сокинон иҷборан маблағ ҷамъ меоранд.
Баъди марги Маликқулӣ Бердимуҳаммадов, падари президент, ки рӯзи 18 апрел дар синни 89 фавтид, аз сокинон барои маъракаи ёдбуди вай маблағ ҷамъ оварда буданд. Ҳамакнун барои маъракаи ёдбуд ё чиҳилуми Бердимуҳаммадови калонӣ дар масҷидҳо маблағ ҷамъ мекунанд.
Мақомоти маҳаллии Туркманистон барои ин маърака аз омӯзгорону донишҷӯён 50-манатӣ талаб доранд. Ҳоло ҷамъоварии маблағ асосан дар донишгоҳҳои шаҳри Ишқобод идома дорад.
"Моро президент ва падари вай дилгир кардаанд. Роҳбарияти донишгоҳ бо ҷамъоварии маблағ мехоҳад, худро дар назди роҳбари болотар "ширин" созад. Кош зудтар ин мазҳака ба поён мерасид. Моро маҷбур мекунанд, ки дар ин чорабиниҳои дурӯғин бишинем ва ҳузну андуҳ нишон диҳем", - гуфт як донишҷӯ, ки нахост номаш бурда шавад.
Маликқулӣ Бердимуҳаммадов 12 августи соли 1932 дар деҳаи Бирлешик-1 ноҳияи Геоктепини Туркманистон таваллуд шудааст. Дар солҳои гуногун дар китобхона, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти туркман, омодагии ҳарбӣ кор кардааст. Баъдтар хизмати ҳарбӣ карда, ба соҳаи низомӣ ва умури дохилии Туркманистон гузаштааст.
Дар Туркманистон медале бо номи Маликқулӣ Бердимуҳаммадов таъсис шудааст.