Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон замони таътили тобистонаи хонандагони мактабҳои миёнаро эълон кард. Бино бар он, хонандагони синфи якум аз 7-уми июн ва муҳассилони синфҳои 2-11 аз 14-уми ҳамон моҳ ба истироҳат мераванд.
Дафтари матбуоти Вазорати маориф рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки таътили тобистона то 31-уми август идома хоҳад кард. “Имсол тағйироте дар шурӯи таътили тобистона нест ва хонандагон дар умум то 14-уми июн дарсро ҷамъбаст карда, ба истироҳат мераванд”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар вазорат.
Соли гузашта хонандагони мактабҳои миёнаро аз 27-уми апрел то нимаи моҳи август ба таътил фиристоданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин вазъро ба мавҷудияти коронавирус дар кишвар рабт дода буд.