Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 6-уми май дар доираи як сафари корӣ ба вилояти Бодканди ин кишвар рафт.
Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷабборов дар ҷараёни ин сафар аз деҳаҳое дидан хоҳад кард, ки дар натиҷаи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон осеб дидаанд. Мулоқоти ӯ бо сокинони деҳаҳои мазкур низ дар назар аст.
Муҳофизони президенти Қирғизистон ба рӯзноманигорон ва сокинон иҷозат надоданд, ки мулоқот бо ӯро акс ё ба навор гиранд. Хадамоти матбуотии Ҷабборов ин хабарро шарҳ надодааст.
Содир Ҷабборов аллакай бо сокинони деҳаи Мақсат дар назди бинои сӯхтаи мактабе мулоқот карда, ваъда додааст, ки ҳамаи хонаҳои осебдида дар давоми ду моҳ барқарор карда хоҳанд шуд. Ӯ гуфтааст, "то вазифаҳои аввалиндараҷа барои барқарорсозии вилояти Бодканд ба анҷом нарасанд, ба Тоҷикистон сафар нахоҳад кард".
Сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар нимаи дувуми моҳи майи имсол дар назар буд.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расида, 87 кас захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.
Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.