19 кушта ва 87 захмӣ. Тоҷикистон ба таври расмӣ шумораи қурбониёни муноқишаи марзиро бо Қирғизистон эълон кард

Хонаводаи яке аз қурбониён дар Исфара

Мақомоти Тоҷикистон баъди як ҳафта ба таври расмӣ шумораи ҳалокшудагони ҷанҷоли ахир дар марз бо Қирғизистонро эълон карданд. Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҳодиса чунин оморро дар ихтиёри расонаҳо қарор дода буд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон

  • 19 нафар ба ҳалокат расида,
  • 87 кас захмӣ шудаанд.

Қаблан Радиои Озодӣ мустақилона рӯйхати қурбониёнро тартиб дода буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати вилояти Суғд эълон кард, ки дар умум ба оилаҳои ҳалокшудагону захмиён аз тарафи ҳукумат 3 миллион сомонӣ кумак шудааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ барои ҷамъ овардани ёрӣ ба осебдидагони муноқишаи ахир дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон даст ба кор шудаанд.

Рӯйхати расмии онҳое, ки дар ин муноқишаҳо ҷон бохтанд:

  1. Бахтовар Маҳмудов, сокини ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара;
  2. Собир Ваҳҳобов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  3. Манучеҳр Қаландаров, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  4. Ҳакимбой Ниёзов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  5. Нусратулло Набиев, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  6. Ҳасанхон Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  7. Далер Эшонов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  8. Иброҳим Ҳошимзода, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  9. Ҳикматуллоҳ Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  10. Меҳрафрӯз Болтаев, сокини ҷамоати Ворух;
  11. Нозим Каримов, сокини шаҳри Конибодом;
  12. Умедҷон Юсупов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  13. Ҷасур Сиярқулов, сокини ноҳияи Деваштич;
  14. Ҳасан Акбаров, сокини ноҳияи Фархор;
  15. Аслиддин Абдузамонов, сокини ноҳияи Нуробод;
  16. Абдулло Саидов, сокини ноҳияи Нуробод;
  17. Некрӯз Ғафурзода, сокини шаҳри Турсунзода;
  18. Салоҳиддин Гадоев, сокини ноҳияи Ховалинг;
  19. Маҳмадулло Раҷабзода, сокини ноҳияи Муъминобод.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

Маълумоти бештар дар ин ҷост:

Душанбеву Бишкек барои таъини марз ва сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло – Ворух ба созиш расидаандГапи Озод: Чӣ кор бояд кард, ки дар сарҳад ҷангу хунрезӣ нашавад? ВИДЕОКоршиносони тоҷик гуфтанд, ки сабабҳои ҷанҷол дар марз чӣ будЧанд посух ба "чаро?"-ҳо дар бораи ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. ВИДЕОҲумайро Бахтиёр: Чаро Тоҷикистон "пинҳонкорӣ" мекунад?1 МАЙ. Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз созиш карданд30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд29 АПРЕЛ. "Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид