Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳафтаи гузашта шоҳиди бархӯрдҳои хунин буд, ором аст. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 4-уми май гуфт, ки дар марзи вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон назорат барқарор шудааст ва воҳидҳои низомӣ аз минтақаи марзӣ берун шудаанд. Муовини вазири тандурустии Қирғизистон рӯзи сешанбе иброз дошт, ки дар бархӯрди ахир 36 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расид, 189 нафари дигар ҷароҳат бардошта, наздики 58 ҳазор нафар ба манотиқи амн кӯчонида шуд. Ҷанҷолу сангандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 29-уми апрел боиси муноқишаи хунин шуд, бинобар насби камераи назоратӣ дар Маркази тақсими об сурат гирифт, ки барои обёрии киштзорҳои ду тарафи марз дар замони Шӯравӣ сохта шудааст. Ҳоло Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси доимӣ эълон карда, нерӯҳои худро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун бурдаанд. Радиои Озодӣ тавонист исми 20 қурбониии муноқишаро аз дақиқ кунад, ки 10 нафарашон низомиёни мебошанд. Теъдоди маҷруҳон 88 кас гуфта мешавад.