Бар пояи як гузориши ниҳодҳои иктишофии Амрико, ки рӯзи 4-уми май нашр шуд, пас аз берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дастовардҳои бист соли охир дар бахши ҳимоят аз ҳуқуқи занон бо таҳдид рӯ ба рӯ мешаванд.
Шӯрои миллии иктишофи Иёлоти Муттаҳида, як ниҳоди пажӯҳишгар, менависад, агар Толибони афғон сари қудрат биоянд, ҳуқуқи занонро маҳдуд хоҳанд кард.
Ин боз як ҳушдор аз пайомади беруншавии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аст, ки бо дастури президент Ҷо Байден то 11-уми сентябри имсол амалӣ мешавад.
Дар солҳои ҳукмронии Толибон, аз 1996 то 2001-ум, занони афғон аз таҳсил маҳрум ва асосан хонанишин буданд.
Моҳи гузашта Толибон изҳороте пахш намуда, ваъда доданд, ки ба шуғли занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ мухолифат нахоҳанд кард, ба шарте ки занон ҳиҷоб бипӯшанд.
Гузориши ҷомеаи иктишофии Амрико ин ваъдаи Толибонро зери шубҳа қарор додааст.