Тоҷикистон барои танзими қарзи давлатӣ ба миқдори як миллиард сомонӣ вексел ё коғазҳои қиматбаҳоро ба фурӯш мебарорад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май тарҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматбаҳои давлатиро ба вакилон муаррифӣ карда гуфт, "муҳлати хидматрасонии онҳо 10 сол ва бо 2 фоизи солона пешбинӣ шудааст."
Вакилони Маҷлиси Намояндагон аз ин тарҳ, ки аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ҷонибдорӣ карданд. Қаблан ҳукумати Тоҷикистон қарори рақами 119-ро дар бораи ба фурӯш баровардани векселҳо содир карда буд.
Дар қарор ҳадаф аз нашри векселро "танзими қарзи давлатӣ" дар Тоҷикистон гуфтаанд. Бино бар ин қарор, векселҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешаванд.
Ба ин тартиб, Вазорати молия вазифадор шудааст, нашру фурӯши векселҳои давлатиро ба роҳ монад ва механизми муомила бо онҳоеро, ки вексел мехаранд, муқаррар кунад.
Сокинон дар Тоҷикистон аз нашру фурӯши авроқи гаронбаҳои давлатӣ хотираи хуш надоранд.
Солҳои 90-ум кишвар қисме аз маоши кормандони буҷетиро бо векселу вомбаргҳо мепардохт, ки дар ниҳоят на ҳама маблағи онро бозпас гирифтанд. Соли 2009 низ дар як маъракаи нимамаҷбурӣ ҳукумат саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун"-ро ба мардум фурӯхт, ки сокинон ҳанӯз аз он баҳрае нагирифтаанд.
Ҳамин гуна тирамоҳи соли 2017 Тоҷикистон бо нашр ва фурӯши вомбарг ва ё ба истилоҳ евробондҳо 500 миллион долларро ба муддати даҳ сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст.
Мақомот гуфтанд, ин пул барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" харҷ хоҳад шуд. Ҳар сол Тоҷикистон ҳудуди 32 миллион доллар баҳраи ин авроқро пардохт мекунад ва соли 2020 пурра ин қарзро бояд бозпас диҳад.