Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ байни сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар ҳудуди се ҷамоати Исфара, 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шудаанд. Инчунин, як иншооти ёрирасон зарар дидааст.
Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.
Дар изҳороти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфта мешавад, ки аз маҳалли низоъ тақрибан 15 ҳазор нафарро ба маҳалли амн кӯч додаанд ва феълан ҳамаи онҳо ба ҷойи зисти худ баргаштанд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар натиҷаи муноқишаи марзӣ 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сузишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: АКС: Оқибатҳои ҷанг дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон