Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми май хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон дар нимаи дувуми моҳи ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Замони дақиқи сафари Тоқаев зикр нашудааст.
Ин дувумин сафари Тоқаев ба Тоҷикистон дар мақоми президенти Қазоқистон мебошад. Ӯ моҳи июни соли 2019 барои ширкат дар Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон сафар карда буд.
Сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки охири ҳафтаи гузашта миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон -- ҳамсоякишвари Қазоқистон даргириҳои хунин сурат гирифт. Бар асари ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ду тараф ҷон бохтанд.
Охири ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури Қазоқистон аз хатми муноқишаи мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози гуфтушунид байни намояндагони ду кишвар, истиқбол кард. Ӯ ибрози умед намуд, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон бо хирадмандӣ метавонанд ҳама масъалаҳои мавриди баҳсро танҳо тариқи мулоиматомез ҳаллу фасл намоянд.
Қосимҷомарт Тоқаев ҳамчунин бо раиси президенти Тоҷикистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.