Бо гузашти панҷ рӯз аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз омори захмиёну қурбониёнро эълон накардаанд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 16 қурбонии муноқишаро маълум кард:
Меҳрӯзиддини Муҳриддин (Болтаев)-афсари 26-сола, пизишки Қушунҳои сарҳадӣ дар Исфара;
МУҲАММАДУЛЛОҲ РАҶАБАЛИЗОДА, афсари 26 солаи дастаи таъиноти махсус(ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон;
ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, марзбон, сокини 28 солаи деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич;
ҲАСАН АКБАРОВ, марзбон, сокини 31-солаи деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор;
САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;
ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;
САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;
НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.
БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;
УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.
Ҷустуҷӯ ва санҷиши маълумот дар бораи қурбониёни дигар идома дорад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳамагуна маълумот дар бораи теъдоди захмиён ва маҷруҳон худдорӣ мекунад. Масъулини вазорат гуфтанд, иттилоъро аз мақомоти қудратӣ гирем.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ифшои теъдоди маҷруҳон ва қурбониён худдорӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон ҳар соат маълумоти навро дар бораи теъдоди захмиёну ҳалокшудаҳо пахш мекунад. Тибқи иттилои охир, дар муноқишаи марзӣ 178 шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуда, 34 нафар ҷон бохтаанд.