Ҳизбҳои демократ ва аграрии Тоҷикистон дар баёнияҳои алоҳида ба муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон вокуниш кардаанд.
Шӯрои сиёсии ҳизби демократ рӯзи 1-уми май гуфт, барои ҳалли мушкили марзӣ "ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва солҳои 1957-1959-и даврони Ҳукумати Шӯравӣ ба асос гирифта шаванд."
Ҳизби аграрии Тоҷикистон эълон кардааст, ки аз созиши ҳайатҳои ду тараф, аз ҷумла дар мавриди оташбас, истиқбол мекунад ва ба ин назар аст, ки "ҳамаи масъалаҳо бояд дар сари мизи гуфтушуниду муносибатҳои дипломатона роҳи ҳал пайдо намоянд."
"Фикр мекунем, таъсис додани ҳайати босалоҳият барои назорати раванди татбиқи созишҳои ҳосилшуда аз ҳисоби кормандони мақомоти дахлдори ду ҷониб айни муддаост", -- гуфтаанд масъулони ҳизби аграрӣ.
Ҳарду ҳизб дар порлумон намоянда доранд ва иддае онҳоро ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат ном мебаранд, вале раҳбаронашон бо он розӣ нестанд.
Ҳизбҳои дигари сиёсӣ дар робита ба ҳодисаҳои охир дар марз бо Қирғизистон чизе нагуфтаанд. Маълум нест, ки ин масъала дар порлумон ҳам баҳс шудааст ё не.
Маълумоти умумӣ дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел бо баҳсу сангандозӣ миёни сокинони минтақаи наздимарзӣ оғоз шуд ва сипас, ба муноқишаи мусаллаҳонаи ду ҷониб печид. Аз ҳарду тараф даҳҳо захмӣ ва кушта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол омори захмиёну ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ номи 16 қурбонии муноқишаро маълум кард. Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ки дар муноқишаҳои марзӣ 178 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 34 нафар ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи 1-уми май ҳайатҳои ду тараф ба созиш расиданд, ки оташбаси доимӣ ҷорӣ карда, нирӯҳоро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун мебаранд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби ихтилофу муноқишаҳо мешаванд.
Матолиби бештарро дар ин ҷо хонед:
- 1 МАЙ. Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз мувофиқа карданд
- 30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд
- 29 АПРЕЛ. "Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид