Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо имзои протоколи иборат аз чаҳор банд дар мавриди оташбаси доимӣ ва берун бурдани нерӯҳо аз хатти марз ба мувофиқа расидаанд.
Мулоқоти ҷонибҳо дар пайи муноқишаи хунине, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, рӯзи 1-уми май дар вилояти Бодканд баргузор шуд. Ҳайатҳоро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев раҳбарӣ карданд.
Дар се рӯзи охир ин мулоқот ва созиши севуми ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст. Дар ҳар се маврид ҷонибҳо барои қатъи тирпарронӣ ва берун бурдани нерӯҳо ба мувофиқа расиданд, вале дар ду рӯзи гузашта мақомоту сокинони ду тараф якдигарро барои ҷамъоварии нерӯву техникаҳои ҳарбӣ дар марз муттаҳам карданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара гузориш дод, ки рӯзи 1-уми май ва пас аз созиши ҷонибҳо чанд техникаи ҳарбӣ аз минтақаи наздисарҳадӣ ба маркази шаҳри Исфара ҳаракат кардааст.
Раҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пас аз хотимаи мулоқот дар суҳбат бо хабарнигорон муноқишаҳои хунинро дар сарҳади ду кишвар "фоҷиа" номиданд ва гуфтанд, ки “ин фоҷиа набояд бори дигар рух диҳад”.
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, “фоҷиае, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ рӯй дод, набояд ҳеч гоҳ такрор шавад. Бовар дорам, ки мо метавонем дар фурсати наздиктарин ҳамаи мушкилотро ҳал кунем, то мардуми мо мисли гузашта дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд."
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, гуфт, созиши иборат аз чаҳор банд бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар имзо шуд. Ӯ афзуд, "ҳоло мардуми мо рӯзҳои сахту даврони буҳрониро мегузаронанд. Дар ин шароит барои ҷонибҳо мулоқот кардану корро пеш бурдан бисёр сахт буд, вале бо дастури раҳбарони кишварҳо мулоқотро баргузор кардем. Барои пурра бас кардани муноқишаҳои мусаллаҳона ва берун бурдани нерӯҳо аз марз ба тавофуқ расидем."
Маълумоти умумӣ дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел бо баҳсу сангандозӣ миёни сокинони минтақаи наздимарзӣ оғоз шуд ва сипас, ба муноқишаи мусаллаҳонаи ду ҷониб печид. Аз ҳарду тараф даҳҳо захмӣ ва кушта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол омори захмиёну ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ номи 16 қурбонии муноқишаро маълум кард. Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ки дар муноқишаҳои марзӣ 178 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 34 нафар ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи 1-уми май ҳайатҳои ду тараф ба созиш расиданд, ки оташбаси доимӣ ҷорӣ карда, нирӯҳоро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун мебаранд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби ихтилофу муноқишаҳо мешаванд.
Матолиби бештарро дар ин ҷо хонед:
- 1 МАЙ. Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз мувофиқа карданд
- 30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд
- 29 АПРЕЛ. "Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид