Вазорати корҳои хориҷии Эрон аз даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигаронӣ кардааст.
Сайид Хатибзода, сухангӯйи ин вазорат, рӯзи 30-юми апрел гуфт, Эрон хабарҳоро дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки боис ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони ду тараф шудааст, "бо нигаронӣ дунбол мекунад."
Хатибзода ҳамчунин гуфтааст, Ҷумҳурии Исломӣ бовар дорад, идомаи музокироти ду кишвар дар ниҳоят ба ҳаллу фасли мусолиматомези ҳаргуна ихтилофи марзӣ анҷом меёбад.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вокуниши кишварҳои минтақа рӯ ба рӯ шудааст. То ин дам Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Узбекистон ва Қазоқистон тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кардаанд.
Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард.
Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 13 ва маҷруҳ шудани 134 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.