Раиси ҷумҳурии Узбекистон рӯзи 30-юми апрел бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар алоҳидагӣ суҳбат кардааст.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзёиев “рӯйдодҳои як рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муҳокима шуд".
Ба иттилои манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Мирзиёев “дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти рафъи ташаннуҷ дар хатти сарҳад ва ҳалли вазъ бо роҳҳои дипломатӣ” маълумот додаааст. “Ҳангоми суҳбат баъзе аз ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, дар бораи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт”, -- афзудааст манбаъ.
Дафтари матбуоти президенти Узбекистон хабар дод, ки дар ҳамин рӯз Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, низ “вазъи кунунӣ ва роҳҳои ҳалли ҳарчи зудтари вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд".
Дар мулоқот аз созиши ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ ва пешгирӣ аз бад шудани вазъ дар оянда ибрози қаноатмандӣ кардаанд.
"Таъкид гардид, ки ҳама масъалаҳои баҳсталаб бояд бо муколама ва дар рӯҳияи муносибатҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ ҳал карда шаванд", -- навиштааст сомонаи президенти Узбекистон.
Узбекистон кишвари аввалине буд, ки рӯзи 29-уми апрел ба муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғистон вокуниш кард. Вазорати умури хориҷии он кишвар аз тарафҳои даргир хост, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои якҷоя андешанд. Дар навбати худ, Узбекистон ваъда дод, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ ёрӣ расонад.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рух дод. Дар натиҷаи он аз ду тараф даҳҳо кас захмӣ ва чандин нафари дигар ҳалок шудаанд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи марги 13 нафар гузориш дод, мақомоти Тоҷикистон дар ин бора захмиён ва қурбониён иттилоъ намедиҳанд. Радоии Озодӣ то ин дам номи 8 қурбониро маълум кард.