Узбекистон аз Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки фаврӣ ба низоъ дар марз хотима дода, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои мутарак андешанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 29-уми апрел аз ҷонибҳо даъват кард, "аз амалиёте, ки боис ба афзоиши минбаъдаи танишҳо мешаванд, даст кашанд."
"Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъҳоро дар бораи тезутунд шудани вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон бо нигаронии амиқ қабул кард", -- омадааст дар изҳорот.
Вазорати умури хориҷии Узбекистон даъват кардааст, Тоҷикистону Қирғизистон мушкилро “бо музокирот ва машварат дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва шарикӣ, ки ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ хосанд, ҳал карда шаванд."
Дар навбати худ, Узбекистон ваъда додааст, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ кумак расонад.