Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороти нав хабар дод, ки дар натиҷаи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара захмӣ шудаанд.
Ба иттилои неруҳои марзбонӣ, вазъи яке аз онҳо дар бемористон вазнин аст.
Расонаҳои Қирғизистон низ аз захмӣ шудани як шаҳрванди ин кишвар аз тири силоҳи оташфишон хабар додаанд.
Дар изҳороти нави Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст, муноқиша миёни сокинони маҳаллаи Сомониёни Тоҷикистон ва Кок-Тоши Қирғизистон соати 10:45-и 29-уми апрел рух дод.
Ба қавли манбаъ, ду шаҳрванди Тоҷикистон Оқил Амаков ва Саттор Самадов аз тири силоҳи шикорӣ ҷароҳат бардоштанд.
Дар умум, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар муноқишаи ду рӯзи ахир дар марз бо Қирғизистон 7 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуданд.
Мақомоти Қирғизистон низ ба расонаҳои он кишвар гуфтаанд, то ин дам 4 шаҳрванди он кишвар дар муноқишаҳо маҷруҳ шудаанд. Яке аз онҳо аз тири силоҳ ва 3 нафари дигар дар натиҷаи сангпартоӣ ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, баъд аз зуҳри 29-уми апрел садои тирпарронӣ шунида мешавад.
Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам аз ҷойи ҳодиса хабар дод, ки аз нуқтаи обтақсимкунии “Головной” садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад.
Сокинон мегӯянд, вазъият дар минтақаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни деҳаи Чоркӯҳ феълан мураккаб аст.