Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба баррасии қазияи марги Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари Шӯъбаи умури дохилии ин ноҳия шурӯъ кард. Меҳроншоҳи 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷ бар асари зарби тир ҷон бохт.
Дар курсии айбдорӣ Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилӣ нишастааст. Амирзода аз рӯи иттиҳоми "куштор аз беэҳтиётӣ" дар додгоҳ посух мегӯяд. Ин модда ба муҳлати аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум намудан аз ишғоли мансабро пешбинӣ мекунад.
Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ рӯзи 29-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа зери раҳбари додрас Бахтиёр Абдураҳмонзода рӯзҳои 28 ва 29 апрел баргузор шуда дар он танҳо шоҳидон пурсида шуданд.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, идомаи муҳокимаи додгоҳӣ ба ҳафтаи оянда гузошта шуд ва қарор аст ҳукми додгоҳ низ дар мурофиаи баъдӣ эълон шавад. "Мо ба одилона сурат гирифтани мурофиа умедвор ҳастем ва ба адолати додгоҳӣ бовар дорем",-гуфт Ҷумаъев.
Меҳроншо Ҷумъаев 7-моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт.
Се сол пеш Додгоҳи вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки норинҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба мӯҳлати 2,5 сол зиндонӣ карда буд.