Шуруъ аз 1-уми май дар вилояти Қазоқистони Ғарбии Қазоқистон дубора постгоҳ гузошта мешавад.
Сарпизишки беҳдоштии ин минтақа гуфтааст, ба далели ворид шудани ноҳияҳои вилоят ба минтақаи "сурх"-и паҳншавии вабои коронавирус, равуо ба ин вилоят маҳдуд мешавад.
Танҳо кормандони хадамоти фаврӣ ва онҳое, ки кори зарур доранд, ҳаққи убур аз постгоҳҳоро хоҳанд дошт.
Айни замон дар вилояти Қазоқистон Ғарбӣ маҳдудияти гашту гузори шабона амал мекунад. Сокинон иҷозат надоранд, ки аз соати 12 шаб то 6 субҳ кӯчагардӣ кунанд.
Дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ дар маҷмуъ 18 ҳазору 613 мубтало ва 272 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст. Дар як рӯзи охир дар он вилоят 166 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт гардидааст.