Рӯзи 26-уми апрел сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурда шуд.
Ин номаро ба сафири Тоҷикистон муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев супурдааст. Дар ин бора Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба нақл аз сухангӯи идораи умури хориҷии Қирғизистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, дар нота "нигаронии шадиди ҷониби Қирғизистон нисбат ба амалҳои ғайриқонунӣ ва зиддиқонунии мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми апрел ду шаҳрванди Қирғизистон - сокинони ноҳияи Лайлаки вилояти Боткандро рабудаанд" таъкид гаштааст.
Вазорати корҳои хориҷи Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои рӯшан кардани ҷузъиёти ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон чораҳои фаврӣ бинад. Вокуниши тарафи Тоҷикистон дар ин бобат дастрас нашудааст.
Рӯзи 24-уми апрел мақомоти Қирғизистон хабар дода буданд, ки шаби аз 23 ба 24-уми апрел ду қирғизистонии ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бенишон шудаанд. Ва наздикони онҳо ба мақомоти давлатии кишвари худ муроҷиат карда, гуфтанд, ки ҷавононро мазбонони тоҷик рабудаанд.
Ин ду нафар, яке 21 ва дигаре 19-сола буда, дар наздикии марз бо Тоҷикистон як коргоҳи дӯзандагӣ месохтанд. Шоми 23-юми апрел онҳо барои посбонии масолеҳи бинокорӣ ба макони сохтмон рафтанд ва шабона дар хайма мондаанд. Аммо субҳ ба хона барнагаштаанд. Пайвандони онҳо ҳадс зада буданд, ки ин ҷавонон ба нишони норозигӣ аз сохтмон дар марз рабуда шудаанд.
Дертар онҳо хабари дарёфт шудани ин ду қирғизистониро дар ҳудуди Тоҷикистон паҳн карданд. Он замон гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчунин 6 шаҳрванди дигари Қирғизистон, ки қаблан барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон боздошт шудаанд, низ раҳо кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳарду мавриди сукутро ихтиёр намуданд. Марзи байни ду кишвар ба иллати минтақаҳои баҳснок ва номуайян сабаби ихтилофҳо ва равуои ғайриқонунӣ аст.