Роҳнамоии Сардор Бердимуҳаммадов, писари 39-солаи президенти худкомаи Туркманистон, дар ҷашнвораи Рӯзи байналмилалии асп ва сагпарварӣ ба овозаҳо дар бораи ҷойгузини падар шудани ӯ сабаб гардидааст. Имсол президенти 64-солаи Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба чанд мансаби калидӣ таъин кард. Ҳамчунон Сардор Бердимуҳаммадов ба унвони "Сагпарвари шоистаи Ҷумҳурии Туркманистон" ва раиси Иттиҳоди аспу сагпарварӣ дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ интихоб шуд. Чанде пеш падари 89-солаи президенти Туркманистон вафот кард. Баъд аз он тахмину овозаҳо пайдо шуд, ки Бердимуҳаммадов шояд писарашро барои курсии раҳбарӣ омода хоҳад кард.