Бино бар хабари мақомоти Қирғизистон, шаби аз 23 ба 24 апрел ду шаҳрванди ин кишвар дар минтақаи Лайлаки ҳаммарз бо Тоҷикистон бедарак шудаанд. Тарафи Тоҷикистон ҳанӯз дар ин робита хабаре надодааст, вале гуфта мешавад, марзбонони ду кишвар дар як мулоқот масъаларо баррасӣ доранд.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, бар пояи аризаи аҳолии маҳаллӣ ҷустуҷӯи шаҳрвандони гумшуда ҷараён дорад. Гуфта мешавад, ин шаҳрвандон яке 21 ва дигаре 19-сола буда, дар наздикии марз бо Тоҷикистон як коргоҳи дӯзандагӣ месохтанд. Шоми 23 апрел онҳо барои посбонии масолеҳи бинокорӣ ба макони сохтмон рафтанд ва шабона дар хайма мондаанд. Аммо субҳ ба хона барнагаштаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷойи воқеа нашр шудааст, ки дар он як зани гирён осори хун дар кафшеро нишон медиҳад ва мегӯяд, ин пойафзол ба яке аз ҷавонон тааллуқ дорад. Вай инчунин даъво дорад, ки марзбонони тоҷик дар маҳалли ҳодиса қарор доранд. Сокинони маҳаллӣ тахмин мезананд, ки ҷавононро ба нишони норозигӣ аз сохтмон дар марз рабудаанд. Аммо раиси ноҳияи Лайлак Бекмурод Боймуродов аз аҳолӣ даъват кард, ки мунтазир натиҷаҳои таҳқиқ шавад.
Ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканди Қирғизистон, ҳодиса дар деҳаи Эски-Овчии ҷамоати Бешкент, воқеъ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон рух додааст. Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳодиса назар надодаанд.